Сигор, акс аз бойгонӣ

Дар шимоли Тоҷикистон аз қочоқи сигор ҷилавгирӣ карданд

99
(Таҷдидшуда 10:31 12.05.2018)
– Кормандони бахши устони Суғди Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз қочоқи сигор ҷилавгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 12 мая — Sputnik.Бино ба иттилоъи маркази матбуъотии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, кормандони гумрукӣ дар ноҳияи Ҷ. Расулов ҳангоми бозрасии як худрав 350 ҳазор дона сигор кашф карданд.

Дар пайи бозрасӣ сабт шуд, ки ин колоро як сокини ноҳияи Спитамен ба сурати ғайриқонунӣ вориди кишвар кардааст.

Дар ин маврид парвандаи маъмурӣ боз шуд ва барои баррасӣ ба додгоҳ таҳвил гардид.

Охирҳои моҳи октябри соли гузашта, Парлумони Тоҷикистон тарҳи қонун "Дар бораи истифодаи тамоку"-ро баррасӣ кард.

Тибқи қонуни нав маконҳое, ки пештар барои тамокукашӣ истифода мешуданд, ҳамакнун маҳдуд хоҳанд шуд.

Ҳамин тавр тибқи қонуни ҷадид, тамокукашӣ дар дохили тамоми корхонаҳои давлативу хусусӣ, тарабхонаҳо, вокзалҳову фурудгоҳҳо комилан манъ мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки қонуне, ки ҳафт сол пеш қабул шуда буд танҳо қисман истифодаи тамокуро манъ мекард.
Бар асоси қонуне, ки соли 2010 қабул шуда буд, мардуми сигоркаш ҳақ доштанд дар дохили бинои корхонаҳо дар нуқтаҳои махсус сигор бикашанд.
Нуқтаҳои вижаи тамокукашӣ дар бемористонҳо, фурудгоҳҳову вокзалҳо ва муассисаҳои дигар низ вуҷуд доштанд.

99
Барчаспҳо:
сигор, ғайриқонунӣ, боздошт, Тоҷикистон