раъду барқ, акс аз бойгонӣ

Борон, раъду барқ ва тундбод: обу ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

93
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, ибтидоан аз 13 то 16 май дар ҷумҳурӣ ҳаво номусод гашта, боридани борону жола ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Имрӯз, 12 май дар вилояти Суғд ҳаво абрӣ шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8  ва дар баъзе ноҳияҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +8 +13 ва рӯзона +22 +27 дараҷа гарм мешавад.

Ҳамчунин дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда пешгӯӣ гардида, боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйрёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, ҳарорат дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +15 +17 дараҷа гарм хоҳад шуд.

93
Барчаспҳо:
раъду барқ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Хорогская гидроэлектростанция, архивное фото

Дар шаҳри Хоруғ пули нави мошингузар сохта мешавад

11
(Таҷдидшуда 17:33 08.07.2020)
Ин сеюмин пули мошингузар дар шаҳри Хоруғ хооҳад буд, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Дар остонаи таҷлили 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 45 иншооти таъйиноти гуногун сохта ба истифода дода мешавад.

Аз ҷумла, дар маркази вилоят бинои театри вилоятӣ, як қисмати бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8 ба номи Сайфулло Абдуллоев, коргоҳи дӯзандагӣ дар ҳудуди бозори «20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон», иншооти варзишӣ дар маҳаллаи Тирчид ва ғайраҳо мавриди истифода қарор мегиранд.

Тавре АМИТ "Ховар" бо такя ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад, дар қаламрави вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи Истиқлолияти давлатӣ корҳои омодагӣ босуръат идома дошта, дар баробари ба истифода додани иншооти сохтмонаш анҷомёфта,  санги асоси пули мошингард дар маҳаллаи Селхозтехникаи шаҳри Хоруғ, гузошта мешавад.

Гуфта мешавад, ки дарозии пул бо эстакада 200 метрро ташкил медиҳад.

Ин сеюмин пули мошингузар аст, ки ду соҳили дарёи Ғундро дар ҳудуди шаҳр ба ҳам мепайвандад ва интизор меравад, ки мушкилоти тамбашавии нақлиётро дар маркази шаҳри Хоруғ аз миён мебардорад.

11
Барчаспҳо:
ошноӣ бо иншооти ҷашнӣ, иншоот, ВМКБ
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

"Ҷӯроббадастон": гузориши мақомоти Душанбе аз боздошти "авбошҳо" - видео ва акс

30
(Таҷдидшуда 17:50 08.07.2020)
Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо- 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ  дар шаҳри Душанбе  дар давоми як рӯзи баргузории амалиёти шартӣ бо номи "Тартибот" 25 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва беэҳтиромӣ зоҳир намудан нисбат ба  дигар шаҳрвандонро  дар маконҳои ҷамъиятӣ аз ҷониби ҷавонони ноогоҳу кутоҳандеш  муайяну ошкор намуданд. 

Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

Дар ин бора Раёсати Вазорати умури дохилаи Душанбе гузориш медиҳад.

Дар ҷараёни амалиёти мазкур 16 ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳо- 2 ҳолат дар ошхона ва 7 ҳолат муноқиша ва хушунати оилавӣ, ки боиси халадор гардидани тартиботи ҷамъиятӣ гардидааст, муайян карда шуд.

Гуфта мешавад, вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба  9 нафар бо қарори Суд ҷаримабандӣ карда шуда, 8 ҳолати дигар дар баррасӣ қарор дорад.

Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе
Задержанный нарушитель общественного порядка в Душанбе

"Ҳамзамон нисбат ба  7 нафар вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ,  кирдори майдаавбошонаи онҳо тибқи муқаррароти моддаи 460 (майдаавбошӣ)-Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бандубаст ва нисбат ба онҳо  бо қарорҳои дахлдори мақомоти Судӣ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ аз 5 то 15 шабонарӯзӣ татбиқ гардида, ба корҳои фоиданоки ҷамъиятӣ ҷалб карда шудаанд", - менависад манбаъ.

30