Президент Республики Таджикистан, Эмомали Рахмон, архивное фото

Эмомалӣ Раҳмон ба тоҷирон: дар моҳи Рамазон нархи наворо боло набардоред

269
Раисҷумҳур афзуд, дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи моҳи Рамазон бо намояндагони ҷомеаи кишвар дидор ва мулоқот кардааст.Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ ба савдогарону тоҷирон муроҷиат карда, гуфтааст, "дар моҳи шарифи Рамазон нархи наворо боло бардошта, ҳамватонони худро азият надиҳед".

"Ба соҳибкорону тоҷирон такроран хотирнишон месозам, ки дар моҳи Рамазон нархи навои маҳсулотро беасос баланд бардошта, ҳамватанони худро ба азият гирифтор накунанд",- таъкид кардааст раисҷумҳур.

Раисҷумҳур афзуд,  дар аксари кишварҳои исломӣ ва мусулмоннишин тоҷирон нархро, баръакс, дар ин моҳ арзон мекунанд, то бо ҳамин роҳ низ соҳиби савоб шаванд

"Тавре мушоҳида мекунем, дар арафаи иду айём, алалхусус, идҳои Рамазону Қурбон баъзе ҳамватанони мо барои оростани дастурхони намоишкоронаи идона аз бозору мағозаҳо маҳсулотро чунон зиёд мехаранд, ки гӯё фардо дунё ба охир мерасида бошад. Такроран таъкид месозам, ки чунин рафтор ғайр аз зоҳирпарастӣ, зиёдаравӣ ва исроф чизи дигаре нест. Чунин шахсон бояд донанд, ки ба андозаи зарурат муҳайё кардани маводи ғизоӣ, худдорӣ кардан аз исрофкорӣ ва оростани дастурхони камхарҷи маънавӣ барои аҳли хонаводаву хешу табору ҳамсояву дӯстон савобу манфиати зиёд дорад", — гуфтааст кишвардор.

269
Барчаспҳо:
нархи наво, моҳи Рамазон, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон