Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Ҳушдори раисҷумҳур: зимистони дарпешистода барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд

943
(Таҷдидшуда 13:50 12.05.2018)
"Аз ин лиҳоз, ҳар як оила, ҳамаи сохтору мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ва дар навбати аввал муассисаҳои иҷтимоӣ бояд аз ҳоло ба зимистон омодагӣ бинанд", - таъкид доштааст раисҷумҳур

ДУШАНБЕ, 12 май — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рафти суханронӣ ва мулоқоташ бо намояндагони ҷомеаи кишвар, сокинони Тоҷикистонро ҳушдор дод, ки зимистони дарпешистоа барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд.

"Мардуми шарифи Тоҷикистонро бори дигар огоҳ мекунам, ки тибқи таҳлилҳо тирамоҳу зимистони дарпешистода хеле барвақт, тӯлонӣ ва сард меояд", — гуфт раисҷумҳур.

Аз ин лиҳоз, ҳар як оила, ҳамаи сохтору мақомот ва ташкилоту муассисаҳо ва дар навбати аввал муассисаҳои иҷтимоӣ бояд аз ҳоло ба зимистон омодагӣ бинанд, афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

"Илова бар ин, зарур аст, ки ҳар оила захираи дусолаи маҳсулоти озуқа ва маводи сӯхтро дошта бошад", — таъкид кард ӯ.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон аз камбориш омадани тирамоҳу зимистони гузашта изҳори нигаронӣ кард ва гуфт, ин падидаи табиӣ ба соҳаи кишоварзии Тоҷикистон бетаъсир нахоҳад монд.

"Тибқи таҳлилҳо ҳаҷми захираҳои оби дарёҳои кишвар нисбат ба меъёри ҳарсола чор-панҷ баробар кам мебошад. Чунин вазъ моро водор месозад, ки ба истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, ҳарчи бештар истеҳсол кардани маҳсулоти кишоварзӣ, махсусан, дар заминҳои обӣ ва омодагии ҳамаҷониба ба тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019 эътибори аввалиндараҷа диҳем",- таъкид кард кишвардор.

Аз ин лиҳоз, раисҷумҳур бори дигар қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро хотиррасон кард.

"Дар чунин шароити буҳронии олам мардуми шарифи мо бояд аҳкоми шариатро доир ба зарари исрофкорӣ фаромӯш накунанд, боз ҳам сарфаю сариштакор бошанд, ҳангоми доир намудани тӯю маърака ва дигар маросиму ойинҳо, аз ҷумла дар моҳи шарифи Рамазон ба тақлиду намоишкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надода, муқаррароти Қонуни миллӣ "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим"-ро қатъиян риоя намоянд", — гуфт кишвардор.

Ҳамватанони азизи мо ҳамеша дар хотир бояд дошта бошанд, ки риояи муқаррароти қонуни мазкур танҳо ба манфиати ҳар як оила, зиндагии боз ҳам осудаи ҳар хонавода, яъне беҳбуди сатҳу сифати зиндагӣ ва шароити беҳтар барои таълиму тарбияи фарзандон мебошад, афзуд ӯ

943
Барчаспҳо:
обу ҳаво, ҳушдор, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон