Эмомалӣ Рахмон ваи Александр Лукашенко

Пас аз сайри Варзоб: Раҳмон Лукашенкоро то фурудгоҳ гусел кард

144
(Таҷдидшуда 10:36 17.05.2018)
Рӯзи 16 май Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко мавзеъҳои зебовро у дар ноҳияи Варзоб тамошо карданд

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Боздиди сарони давлатҳо аз бӯстонсаройи беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб оғоз ёфта, дар мавзеи Такоби ҳамин ноҳия идома ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гузориши манбаъ, сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Ба Александр Лукашенко намунаи гулҳои ороишӣ ва буттаву дарахтони гуногун намоиш дода шудааст.

Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко дар Бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Варзоб гашту гузор ва суҳбати озоди дӯстона намуда, аз табиати сабзу ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ ҳаловат бурдаанд.

Александр Лукашенко аз меҳмоннавозии гарми анъанавии тоҷикӣ, ки аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон зоҳир гардид, қаноатманд шудааст.

Нимаи дуюми рӯзи 16 май сафари расмии раисҷумҳури Беларус дар Тоҷикистон анҷом ёфта, Александр Лукашенко аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Минск баргаштааст.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти баланд Эмомалӣ Раҳмон гусел кардааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко
Пресс-служба президента Таджикистан
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко

Ёдовар мешавем, ки раисҷумҳури Беларус бо ҳайати бонуфузи расмии кишвараш рӯзҳои 14 то 16 май бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дошт.

Зимни ин сафари бобарор Александр Лукашенко бо Эмомалӣ Раҳмон суҳбату мулоқотҳои самимию созанда доир карданд.

Аз рӯйи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки бахшҳои тиҷорату иқтисод, илму маориф, тандурустӣ саноат, мудофиаи гражданӣ, кишоварзӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд.

Акнун шумораи ҳуҷҷатҳои танзимкунандаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Беларус ба наздики 100 адад расидааст.

Руйдоди муҳими ин сафари расмӣ баргузории форуми соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистону Узбакистон, иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Беларус дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳи молу маҳсулоти Беларус ва ба истифода додани марҳилаи аввали корхонаи муштараки тракторсозии Тоҷикистону Беларус дар шаҳри Ҳисор мебошад.

144
Барчаспҳо:
анҷоми сафар, сайри варзоб, Александр Лукашенко, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Бабри барфӣ дар Ишкошим 45 сар гӯсфандро хӯрду ба дом афтод

4
(Таҷдидшуда 12:19 25.01.2021)
Кормандони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур озодапангро дастгир карда, тибқи қоидаҳои бехатарӣ дар минтақаи кӯҳӣ ӯро раҳо намуданд

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Дар ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ба сокини маҳалӣ бабри барфӣ хисороти калон расондааст, хабар медиҳад бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур.

Ба иттилои манбаъ, озодапанг ба оғилхонаи сокини ин ноҳия ворид шуда, дасти кам 45 сар ҳайвони шохдори майдаро ба ҳалокат расонидааст.

Зимнан, аз ҷониби кормандони бахши муҳити зист, озодапанг дастгир гардида, бидуни расонидани осеб ва тибқи коидаҳои бехатарӣ ӯро ба минтақаи кӯҳӣ интиқол дода, раҳо намуданд.

Манбаъ меафзояд, зарари расида ба сокини маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷуброн карда мешавад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бабрҳои барфии калонсол, бинобар беқувватии худ дар фасли сармо асосан ба оғилхонаҳои сокинони маҳал даромада, ҳайвоноти майдаро тӯъмаи худ қарор медиҳанд.

Наҷоти бабри барфӣ дар Бадахшон

Тоҷикистон аз ҷумлаи 12 кишвари дорои макони зисти озодапаланг дар ҷаҳон шинохта шудааст ва ин намуд ҳайвон  ба Китоби сурхи ҷаҳонӣ ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил гардидааст. 

Намояндагони бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Ишкошим мегӯянд, ҳудуди 70 дарсади макони зисти озодапаланг маҳз ВМКБ аст.

4
Барчаспҳо:
гӯсфанд, паланг, Ишкошим
Сотрудники ФСБ РФ во время задержания гражданина одной из Центрально-азиатских республик

Боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона

53
(Таҷдидшуда 11:43 25.01.2021)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 22 сола дар пойтахт барои ташкили фоҳишахона хабар дод

ДУШАНБЕ, 25 янв— Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон,  ҷавони мазкур дар хонаи иҷорагирифтааш фоҳишахона ташкил карда, аз марду зане, ки ба хонаи ӯ барои алоқаи ҷинсӣ меомаданд 150 сомонӣ мукофотпулӣ мегирифтааст. 

Тибқи иттилои манбаъ зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 22-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, дар хонаи иҷорагирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Сино ба ҷавони 24 ва зани 35-соли сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодиса мазкур тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки тибқи қонуни нави Тоҷикистон шахсоне, ки ба ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, инчунин даллагӣ машғул мебошанд, аз ҳуқуқи падарӣ ва модарӣ маҳрум мегарданд.

53
Барчаспҳо:
ҷавон, Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, боздошт, фоҳишахона, Тоҷикистон