Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон роҳи ҳалли мушкилоти китобхонаҳоро меҷӯянд

44
(Таҷдидшуда 16:08 17.05.2018)
Дар аксари навоҳии кишвар соҳаи китобдорӣ ба мушкилоти зиёде рӯбарӯ будааст ва ҳалли мушкили онҳо аз роҳбарону масулони давлатӣ вобаста аст

ДУШАНБЕ, 17 май — Sputnik. Вазъи китобхонаҳо дар минтақаҳо якранг нест. Ҳарчанд дар фаъолияти китобхонаҳои маркази ҷумҳурӣ ва вилоятҳо пешравиҳо ба чашм мерасанд, аммо дар аксари навоҳии кишвар соҳаи китобдорӣ ба мушкилоти зиёде рӯбарӯст, иттилоъ медиҳад китобхонаи миллӣ. 

"Роҳи ҳалли мушкили онҳо аз муносибати  масъулони вазорату  идораҳо, раисони вилояту шаҳрҳо ва  ноҳияву  ҷамоатҳо вобаста мебошад",-итилоъ додааст манбаъ.

Барои пайдо кардани роҳи ҳалли ин мушкилот ахиран дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе конфронси илмӣ-амалии дар бораи «Нақши китобхо­наҳои ҷумҳурӣ дар ташаккули маънавии ҷомеаи муосир», баргузор гардид.

Дар ин конфронс масъалаҳои муҳим ба монанди роҳҳои пур кардани фонди китоб бо китобҳои тозанашр, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ дар китобхонаҳо, омода намудани мутахассисони соҳа,  такмили ихтисоси кормандон, омода кардани шакли ягонаи  ҳуҷҷатнигорӣ, маводҳои техникии китобхона, аз нав эҳё намудани китобхонаҳои сайёр дар минтақаҳои дурдаст баррасӣ шудааст.

Дар ҳамоиши мазкур намояндагони аксари китобхонаи кишвар ширкат кардаанд.

Пештар вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода гуфта буд, ки китобхонаҳои Суғду Хатлону Бадахшон ба талабот ҷавобгӯй нестанд.

44
Барчаспҳо:
ҳалли масоил, мушкилот, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Тоҷикистон