Дар назди фаввора. Акс аз бойгонӣ

Гармии тоқатфарсо: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

95
(Таҷдидшуда 09:54 23.05.2018)
Имрӯз, 23 май, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 23 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбандаи боронӣ шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар ҳарорати ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 2500 метр боридани барф дар назар аст. Бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи боронӣ шуда, бод аз сӯи ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +5 +10 ва рӯзона +17 +22 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Бод аз сӯи ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +27 +32 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ ба амал омадани раъду барқ, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимоли боридани борони кутоҳмуддат вуҷуд дорад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +25 +27 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

95
Барчаспҳо:
то 23 дараҷа, гармӣ, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Здание налогового комитета в Душнабе, архивное фото

Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд

34
(Таҷдидшуда 12:33 09.08.2020)
Дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид шудааст

 ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Дар Суғд 27,3 миллион сомонӣ пинҳонкории андоз ошкор шуд, гузориш медиҳад "Ховар".

Бино бар иттилои манбаъ, кормандони Раёсати андози вилояти Суғд дар доираи иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сари вақт пардохт намудани андоз ва ҳолатҳои саркашинамоӣ аз андозсупорӣ давоми шашмоҳаи  якуми соли 2020 нисбат ба фаъолияти 340 соҳибкори инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ санҷиши риояи қонунгузории андоз гузарониданд.

"Дар натиҷа ба маблағи 27,3 млн.сомонӣ ҳолатҳои пинҳонкунии андозро ошкор намуда, аз ин ҳисоб 24,6 млн сомониашро ба буҷети давлат ситонидаанд", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Гуфта мешавад, дар давраи ҳисоботӣ дар самти маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо 1531 адад қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи умумии 55,9 млн.сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб 40,1 млн.сомонӣ рӯёнида шуд, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 22,6 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Инчунин имрӯз мувофиқи ҳисобот дар миқёси вилояти Суғд 35 536 нафар соҳибкорони инфиродии бо патент фаъолияткунанда ба қайд гирифта шуда, аз ин ҳисоб ба буҷети давлатӣ 33,0 млн.сомонӣ андозҳо ворид гардид.

“Ҳисоби абҷад”: “Талко” қарзҳои андозро ғайривоқеӣ хонд

Шумораи соҳибкорон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 904 нафар зиёд гардидааст. Вобаста ба имтиёзҳои пешбинишуда ҷамъоварии андозҳо нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи 5,2 млн.сомонӣ коҳиш ёфтааст.

34
Последствия разрушений после селевого потока в Пенджакенте

Обшавии пиряхҳо ва фаромадани сел: ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо

110
(Таҷдидшуда 12:31 09.08.2020)
Бино ба ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ, боду ҳавои гарми чанд рӯзи охир эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон боду ҳавои гарм дар Тоҷикистонро пешгӯӣ кард.

Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ дар ҳудуди Тоҷикистон то рӯзи 9 август ҳарорати 40 дараҷаӣ боқӣ мемонад.

Ҳушдори Ожонси ҳавошиносӣ аз гармии тоқатфарсо дар моҳи август

Танҳо дар ноҳияи дурдасттарини ВМКБ- Мурғоб ҳарорати ҳаво то 25 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Чунин гармӣ боиси обшавии пиряхҳо шуда, сатҳи дарёҳоро баланд мебардорад ва эҳтимолан боиси фаромадани сел мешавад.

То 44 дараҷа: Ҳушдори Кумита аз гармои шадид давоми чанд рӯзи оянда

Дар ҳудуди вилояти Суғд ва қисмати ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон эҳтимоли обхезӣ вуҷуд дорад.

110
Барчаспҳо:
пирях, гармӣ, Ожонси ҳавошиносӣ
Монумент Независимости Туркменистана в Ашхабаде, архивное фото

Туркманистон таътили марказҳои тиҷорӣ ва ресторанҳоро тамдид кард

0
(Таҷдидшуда 13:00 09.08.2020)
Давлати Туркманистон, ки вуҷуди вируси корона дар ин кишварро ҳамчунон инкор мекунад, таътили фурушгоҳҳо, марказҳои тафреҳӣ ва ресторанҳоро дар шаҳри «Ишқобод» тамдид кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Бино бар иттилои "Парс тудэй", давлати Туркманистон чанде пеш ресторанҳо, марказҳои тиҷорӣ ва идораҳои хадамот дар шаҳри «Иишқобод»-ро барои безараргардонӣ дар муқобили шуйюи вируси корона таътил кард.

Дар ҳоле, ки қарор буд марокизи тиҷорӣ ва ресторанҳо пас аз 10 рӯз аз оғози таътил боз шаванд, аммо давлат ҳамчунон иҷозаи фаъолияти дубора ба ин марокизро надода ва дар ин замина низ ҳеҷгуна иттилоърасоние нашудааст.

Созмонҳои давлатӣ ва хусусӣ низ таътил ва коргарон ба мураххасии бидуни маош фиристода шудаанд ва барои ин шаҳрвандон низ имконоти тести корона фароҳам шудааст.

Вазорати беҳдошти Туркманистон ҳам аз мардум хостааст то аз ниқобак истифода ва фосилаи иҷтимоиро риоят кунанд.

Мо гунаҳгор нестем: эътирози вазорати умури хориҷаи Туркманистон ба Тоҷикистон

Иқдомоти мушобеҳи карантини умумӣ дар Туркманистон пас аз боздиди коршиносони Созмони  умумиҷаҳонии тандурустӣ иҷро шуд.

Ҳамзамон расонаҳои минтақа аз афзоиши омори маргу мири бархоста аз бемории илтиҳоби шуш дар Туркманистон хабар медиҳанд.

0