Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Шамолак мевазад: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

45
(Таҷдидшуда 10:11 24.05.2018)
Имрӯз, 24 май, ҳаво дар Тоҷикистон тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо баландшавии ҳарорат дар назар аст

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Бино ба гузориши Созмони ҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар саросари кишвар ҳаво тағйирёбандаи абрӣ шуда, дар бархе аз манотиқи кишвар шамол то 15 метр дар як сония мевазад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти ғарб бо гузариш ба самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14 +19 ва рӯзона +26 +31 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 +8 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  низ ҳавои абрноки тағйирёбанда пешбинӣ мешавад. Шамол аз самт ғарб то 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +15 +20 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, танҳо шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар баландиҳои 3000 метр боридани барф дар назар аст.

Дар шаҳри Душанбе низ ҳаво тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +27 +29 дараҷа ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

45
Барчаспҳо:
боду ҳаво, шамолак, Созмони обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Тестирование на коронавирус (COVID-19)

Вазорат омори тозаи сироят, фавт ва шифоёбӣ аз коронавирус дар Тоҷикистонро эълон кард

341
(Таҷдидшуда 19:51 03.08.2020)
 Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардидааст

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати тандурустӣ давоми 24 соати ахир дар ҷумҳурӣ 43 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7538  нафар баробар гардид.

"То санаи  3 август  дар мамлакат  6317 (83,8%)  нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 61  нафар фавтидаанд", - омадааст дар хабарнома.

Вазорати тандурустӣ қайд карда, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ин ниҳод аз шаҳрвандон даъват дорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

341
Барчаспҳо:
омор, тандурустӣ, Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ
Министр экономразвития и торговли Завки Завкизода

Шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, музокира кардем –Завқизода дар бораи ҷалби маблағҳои хориҷӣ

156
(Таҷдидшуда 17:55 03.08.2020)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, соли равон аз созмонҳои байнулмилаливу хориҷӣ беш аз 450 миллион доллар ҷалб кардаву хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 3 авг — Sputnik. Завқӣ Завқизода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, гуфт, ҷалби маболиғи хориҷӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ ва коҳиши таъсири иҷтимоӣ – иқтисодии пандемияи “вируси корона” буда, як гуруҳи ҳукуматӣ бо фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон таъсис ёфт ва бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва шарикони рушд вориди музокирот шуд.

“Ин гуруҳ аз намояндагони вазорату идораҳои иқтисодӣ иборат буд, ки раҳбарияшро муовини сарвазир Давлаталӣ Саидзода бар дӯш дошт, ки аз рӯи реҷаи қариб 24 – соата кор мекард. Ман ҳам узви ин гуруҳ будам. Ин маврид ҳам буд, ки мо қариб то соати 4 – субҳ бо институтҳои молиявии байнулмилалӣ ва давлатҳои шарики рушд будем. Таври маълум, ба далели фарқияти вақт, ки бо бархе кишварҳо қариб 10 соатро ташкил мекунад, шабро шабу рӯзро рӯз нагуфта, ин гуруҳ кор кард ва ба натиҷаҳои назаррас расид”, - гуфт Завқӣ Завқизода.

Тибқи иттилои вазорати рушди иқтисод ва савдо, дар ин миён Тоҷикистон аз Хазинаи байнулмилалии асъор – 189,5, Бонки осиёии рушд – 50, Бонки исломии рушд – 9,4, Бонки ҷаҳонӣ – 11,3 миллион доллар ва аз ҳукумати Олмон – 1 миллион евро маблағҳои грантию қарзӣ ба даст овард. Бино ба ин манбаъ, Тоҷикистон муваффақ шуд, ки 28 миллион қарзи Бонки миллӣ пеши Хазинаи байнулмилалии асъорро аз эътибор соқит кунад ва пардохти 40 миллион доллар қарзи Бонки воридоту содироти Чин – “ЭксИмБонк” – ро ба таъхир гузорад.

БОР барои мубориза бо пайомадҳои COVID-19 ба Тоҷикистон 50 миллион доллар медиҳад

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо гуфт, гуфтушунидҳо барои ҷалби маблағҳо аз Бонки осиёии рушд – 70, Бонки ҷаҳонӣ – 27, Фонди Авруосиёии рушд – 50, Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ – 70 миллион доллар ва Иттиҳоди Аврупо – 78 миллион евро (бо назардошти 30 миллион евро маблағи қарзи Бонки сармоягузории Аврупо) идома дорад.

Тибқи иттилои вазорати молияи Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли 2020 қарзи хориҷии кишвар 170 миллион доллар афзуда, ба 3 миллиарду 96 миллион доллар расидааст, ки 36,1% маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил мекунад.

156

Хайр Маскав: маросими пӯшидашавии Олимпиадаи соли 1980 - аксҳои нодир

0
(Таҷдидшуда 19:45 03.08.2020)
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
Рӯзи 3 августи соли 1980 дар Маскав маросими пӯшидашавии Бозиҳои тобистона баргузор гардид. Ин маросим аз зеботарин маросимҳо дар таърихи олимпиада шинохта шудааст

Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 дар Маскав аз 19 июл то 3 август идома кард. Ин нахустин олимпиада дар қаламрави Урупои Шарқӣ буд. 

Макони асосии баргузории мусобиқаҳо шаҳри Маскав буд. Вале бархе аз рақобатҳо дар Таллин, Киев, Ленинград ва Минск низ гузаронида шуданд.

Ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 1980 - 5179 варзишкор аз 80 давлати ҷаҳон омада буданд.

Номбардорони Тоҷикистон дар Олимпиадаи соли 1980

Маросими пӯшидашавии Олимпиада рӯзи 3 август баргузор гардид. Барномаи консертӣ чанд соат идома кард.

Байрақи сафеди олимпӣ фароварда шуд ва таҳти навои Эдуард Артёмов "Эй варзиш ту ҳамеша пешравӣ ҳастӣ" духтарон бо пироҳанҳои якранг ба майдон баромаданд ва композитсияи даврони Юнони қадимро нишон доданд. Оташи олимпӣ ҳамон лаҳза хомӯш шуд.

Дар рӯи экран симои Хирсак - рамзи Олимпиадаи соли 80-ум намудор шуд. Расми Хирсакро навиштаҷоти "Роҳи сафед" ҳамроҳӣ мекард.

Яке аз ҳассостарин лаҳазот ашкрезии хирсак шуд.

Дар охири маросим меҳмононро сюрприз интизор буд. Дар мобайни майдон таҳти суруди "Хайр Маскав" дар иҷрои Лев Лешенко ва Татяна Антсиферева хирси бузурге бо пуфакҳо пайдо шуд.

Таҳти суруд ва замоне, ки Хирсак ба ҳаво бармехост, аксари мардум ашк мерехтанд.

Олимпиадаи соли 1980 то ҳол дар хотири меҳмонон ва аксари тамошобинону варзишкорон нақш бастааст. Ин бозиҳо яке аз боадолаттарин дар таърихи варзиш шинохта шудаанд, зеро пас аз итмоми онҳо ягон аризаи шикоятӣ ба комиссияи варзишӣ ворид нашудааст.

0
  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980, 3 август дар майдони ба номи Ленин (Лужники) баргузор гардид.

  • Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).
    © Sputnik / Дмитрий Донской

    Оташи олимпӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони ба номи Ленин (Лужники).

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Сомов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Олимпиадаи соли 1980 натанҳо барои шаҳрвандони ИҶШС балки мардуми ҷаҳон рухдоди муҳиме шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Торжественная церемония закрытия Игр XXII Олимпиады. Центральный стадион имени В.И. Ленина 3 августа 1980 года.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Барои миллионҳо меҳмони хориҷӣ Бозиҳои олимпии соли 1980 дар Маскав бо меҳмоннавозӣ ва меҳрубонии мардуми рус ёддошт шуд.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Сергей Гунеев

    Оташбозӣ дар маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Юрий Абрамочкин

    Олимпиадаи соли 1980 яке аз бозиҳои боадолаттарин дар ҷаҳони варзиш шинохта шудааст, чун дар давоми мусобиқот ягон аризаи шикоятӣ дар бораи натиҷаҳои бозиҳо навишта нашудааст.

  • Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Маросими пӯшидашавии Олимпиадаи XXII соли 1980 дар майдони Лужники.

  • Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд
    © Sputnik / Владимир Акимов

    Президенти Кумитаи байналмилалии Олимпӣ лорд Килани дар маросими пӯшидашавии олимпиада варзишкорон ва тамошобинонро хушомадед мегӯяд.

Барчаспҳо:
маросим, олимпиада, Маскав