Роҳгузарон, акс аз бойгонӣ

Боз боду ҳавои номусоид: имрӯз дар Тоҷикистон жола меборад

61
Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон имрӯз дар ҷумҳурӣ вазъи обу ҳаво номусод гашта, пастшавии ҳарорат рӯзона то 6-8 дараҷа дар назар аст

ДУШАНБЕ, 27 май — Sputnik. Вазиши сахти шамол дар Вилояти Хатлон, Суғд то 20-25 метр дар як сония расида, чангу ғубор ба амал меояд.

Имрӯз, 28 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 ва дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +10 +15 ва рӯзона +19 +24 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда дар назар дошта шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои баландкӯҳ баъзан барф пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +6 +11 ва рӯзона +14 +19 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон низ ҳавои абрноки боронӣ пешбинӣ шуда, эҳтимоли боридани жола дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба самти ғарб дар баъзе ҷойҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +16 +21 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, боридани борон ва дар баъзе ҳолат жола пешбинӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +21 +23 дараҷа ва шабона +14+16 дараҷа гарм мешавад.

61
Барчаспҳо:
борон, жола, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон