Ҳисоби овозҳо. Акс аз бойгонӣ

Замони баргузории интихобот дар ВМКБ ва Суғд муайян шуд

183
(Таҷдидшуда 12:06 29.05.2018)
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи интихоботи миёнадавриро муайян кард

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Имрӯз ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад расонаи расмии Тоҷикистон.

Дар ҷаласа масъалаҳои вобаста ба таъйин намудани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда аз ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2 ва дигар масъалаҳои вобаста ба ҷараёни омодагӣ ва баргузории интихобот баррасӣ гардидаанд.

"Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ интихоботро дар ҳавзаҳои интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1, Суғд №2 ба рӯзи 27 июли соли 2018 таъйин намуд", —омадааст дар хабарнома.

Ҳамзамон Комиссия дар ҳавзаҳои зикргардида комиссияҳои ҳавзавии интихоботиро ташкил намуда, ҳайъати онро муайян кард. Нақшаи тақвимии чорабиниҳои асосӣ доир ба тайёрӣ ва гузаронидани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии мазкур тасдиқ гардидааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли равон ваколатҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиматгул Алибердиева, Наим Набизода ва Абдураҳмон Қодирӣ пеш аз муҳлат қатъ гардиданд.

183
Барчаспҳо:
интихобот, КМИ Тоҷикистон, Суғд, ВМКБ, Тоҷикистон