Борон ва раъду барқ: боду ҳаво барои имрӯз дар Тоҷикистон

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
мрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст.

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Имрӯз, 30 май дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, танҳо дар нимаи дуюми рӯз боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +12 +17 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, рӯзона борон меборад. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +3 + 8 ва рӯзона +18 +23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои камабри тағйирёбанда дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +13 +18 ва рӯзона +29 +34 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳарорати ҳаво дар водиҳо рӯзона +28 +30 ва шабона +11+13 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0