Оғози мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом

Пеш аз сафари раисҷумҳур: Аҳмадзода ба Конибодом рафта, ба мумфаршкунии роҳҳо оғоз бахшид

221
(Таҷдидшуда 11:06 30.05.2018)
Соли равон сокинони кишвар 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад ва чорабинии ҷумҳуриявии Иди Ваҳдат дар шаҳри Конибодом доир мешавад

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба шаҳри Конибодом сафари корӣ анҷом дода, ба корҳои таъмиру мумфаршкунии роҳҳо оғоз бахшид, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

"Дар ин рӯз мумфаршкунии роҳи кӯчаҳои ба номи Мамадхӯҷа Олимов, Латифҷон Ҳасанов ва кӯчаи Мири шаҳр шурӯъ шуд. Раиси вилоят қабл аз оғози корҳо бо сокинони шаҳр суҳбатҳо намуда, аз рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ёдоварӣ кард",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Саҳна, акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Раҷаббой Аҳмадзода афзудааст, ки бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фармони марбутаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар қаламрави вилоят "1300 рӯзи меҳнати зарбдор" эълон гардидааст ва дар доираи ин иқдом дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла шаҳри Конибодом корҳои бунёдкорӣ ҷараён дорад.

Соли равон сокинони кишвар 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад ва чорабинии ҷумҳуриявии Иди Ваҳдат дар шаҳри Конибодом доир мешавад. Пештар хабар дода шуда, ки интизор меравад, дар тантанаҳои асосии ҷашн дар Конибодом раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзад.

Сипас, чанде аз сокинон аз ҷумла Моҳиҷон Тӯхтабоева, Тӯтӣ Шарипова, Ғафурҷон Ҳакимов ва хонандаи синфи 11-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №4 Шукрона Абдуллоева сухан гуфта, миннатдории мардуми минтақаро барои анҷоми корҳои ободонӣ баён доштанд.

Ҷойизи зикр аст, ки дарозии умумии роҳҳои таъмиршаванда беш аз 3 километрро ташкил медиҳад. Фармоишгарон Идораи сохтмони асосии вилоят ва Вазорати нақлиёт буда, пудратчиён ҶДММ "Ваҳдат-2018" ва ҶДММ "Вектор-М" мебошанд.

 

 

221
Барчаспҳо:
Ваҳдати миллӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Эмомалӣ Раҳмон, Конибодом, Тоҷикистон