Кӯдакон об мехӯранд, акс аз бойгонӣ

Тобистон омад!: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

71
(Таҷдидшуда 09:59 02.06.2018)
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо гармӣ ба 41 дараҷа мерасад

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Имрӯз, 2 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +33 +38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9 + 14 ва рӯзона +25 +30 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +18 +23 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, ҳарорат рӯзона ба 32-37 дараҷа мерасад. Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо рӯзона +35 +37 ва шабона +14+16 дараҷа гарм мешавад.

71
Барчаспҳо:
гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон