Корд дар даст

Баҳси ду ҷавон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо кордкашӣ анҷомид

87
Дар пайи ҳодиса яке аз онҳо ҷароҳати вазнин бардошта, ба беморхона бистарӣ гардидааст

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар бораи ҷанҷоли ду ҷовон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар додааст, ки дар пайи он яке аз онҳо бо корд захмӣ гаштааст.

Бино бар иттилои манбаъ, ҳангоми баргузории амлиёти бозҷӯӣ кормандони милисаи минтақаъ, ҷавони 22-солаи сокини ҷамоати деҳоти Д. Холматови ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро ба иттиҳоми қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карданд.

"Номбурда, 31-уми майи соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, дар ҳудуди ноҳияи зикргардида бо ҷавони 19-солаи сокини ноҳия ҷанҷол намуда, бо  бо корди дар дасташ буда, як маротиба ба кафаси синаи ӯ задааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, ҷавони ҷабрдида ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гаштааст.

Муттаҳам дастгир шудааст ва тафйтишот идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки шаби 26 май дар маҳаллаи 102-юми шаҳри Душанбе чанд ҷавон ба ҳам дарафтодаанд.

Тавре дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон намояндаи Раёсати Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гуфта буд, "барои ворид нашудани халал ба тафтишот ҳоло ин ҳодиса пурра тавзеҳ дода намешавад".

Ба гуфтаи вай, ҳоло шаш ҷавон ба иттиҳоми "авбошӣ" ва "дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ" боздошт шудаанд.

Бино бар иттилои бархе аз расонаҳои Тоҷикистон ҷавонон дар ин ҷанҷол аз корд истифода бурдаанд.

87
Барчаспҳо:
кордкашӣ, ҷавонон, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон