Роҳ, акс аз бойгонӣ

Қисме аз шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд фурӯ рафт

154
(Таҷдидшуда 14:00 02.06.2018)
Дар ҳудуди қишлоқи Хушекати ноҳияи Айнии вилояти Суғд 138 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд тахриб шудааст

ДУШАНБЕ, 2 июн — Sputnik. Қисме аз шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд фурӯ рехтааст, барои ҳаракати воситаи нақлиёт роҳи муваққатӣ  кушода шуда, қисми тахрибшударо таъмир мекунанд, хабар медиҳад ТоҷикТА дар истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

"Имшаб дар 138 километрии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд дар ҳудуди деҳаи Хушекати ноҳияи Айнӣ фурӯрезии роҳ ба  амал омад, ки дар натиҷаи қисме аз роҳ (35 метр)  тахриб шуд",- хабар додаанд аз кумита.

Ба иттилои манбаъ, ба ҷойи ҳодиса дарҳол техникаи  ширкати "Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД" (IRS) равна карда шуд. 

Дар ин қисамти роҳ барои ҳаракати яктарафаи нақлиёт роҳи муваққатӣ кушода шудааст.

Айни ҳол корҳои барқарорсозии роҳи фурӯрехта идома дошта, мутахассисони IRS сабабҳои сар задани ин ҳодисаро муайян мекунанд.

154
Барчаспҳо:
шоҳроҳ, тахрибшавӣ, Хуҷанд, Душанбе, Тоҷикистон