Майдони варзишӣ, акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар шаҳри Хуҷанд

80
(Таҷдидшуда 12:27 03.06.2018)
Ин майдончаи нави футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолият" воқеъ буда, бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, бо утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта шудааст

ДУШАНБЕ, 3 июн — Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд майдончаи нави варзишӣ ифтитоҳ шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, рузи 2 июн бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, директори Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Султонзода, кормандони Раёсати Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, мактаббачагон ва варзишгарон дар шаҳри Хуҷанд боз як майдончаи футболи навъи пӯшида бо усули муосир ба истифода дода шуд.

"Ин майдончаи нави футбол дар лаби дарёи Сир, шафати варзишгоҳи "20 солагии Истиқлолият» воқеъ буда, бо фарогирии 200 ҷойи нишаст, бо утоқҳои ивази либос, оббозӣ ва тамрин сохта шудааст",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Фармоишгари майдончаи футбол Идораи сохтмони асосии вилояти Суғд буда, лоиҳакаш "Суғдшаҳрофар" ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти сохтмонии "Хуҷандсохтмон" ба анҷом расонида шудааст.

Баъди ифтитоҳи расмии майдончаи футбол байни дастаҳои Муассисаи давлатӣ оид ба футбол, чавгонбозӣ ва аспдавонӣ бозии рафиқона сурат гирифт.

80
Барчаспҳо:
майдони варзишӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, Хуҷанд, Тоҷикистон