халтаи орд, акс аз бойгонӣ

Гӯшт 30 ва халтаи орд 110 сомонӣ: ба хуҷандиён дар Рамазон маҳсулоти арзон пешкаш карданд

259
(Таҷдидшуда 18:53 03.06.2018)
Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Масалан нархи гушт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 5, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Бо мақсади ғанӣ ва фаровон намудани дастархони рамазонии мардум дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фуруши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ сурат гирифт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзон маҳсулотҳо пешкаш карда шуданд. Масалан нархи гушт 30 сомонӣ, пиёз аз 0, 70 дирам то 1,50 сомон, сабзӣ 1 сомонӣ, шакар 5, 50 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд.

"Ширкати "Роҳи сомон" ин ҳафта низ беш аз 600 халта орди 50 килогӣ бо маблағи 110 сомонӣ дар ду мавзеъи шаҳр:микроноҳияи 20 ва назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандӣ пешкаш намуд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Маҳсулоти қаннодии истеҳсоли шаҳри Душанбе бо нархҳои дастрас низ ба ярмарка манзур карда шуд.

Чунин ярмаркаҳо ҳамзамон дар шаҳрҳои Бӯстону Гулистон ва Истиқлол низ баргузор гардид. Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ то анҷоми моҳи шарифи Рамазон ташкил мегардад.

259
Барчаспҳо:
моҳи Рамазон, ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ, Хуҷанд, Тоҷикистон