Сафири Олмон дар Тоҷикистон аз Қалъаи Муғи Истаравшан дидан кард

Сафири Олмон дар Тоҷикистон аз Қалъаи Муғи Истаравшан дидан кард

104
(Таҷдидшуда 22:43 05.06.2018)
Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кунанд

ДУШАНБЕ, 5 июн — Sputnik. Сафири Олмон дар Тоҷикистон  Найтхарт Хёфер — Виссинг бо сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан сафар кардааст.

Ба иттилои дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд, дар рафти сафар ҷаноби сафир аз Қалъаи Муғи шаҳр, ки яке аз маконҳои гардишгарӣ ба ҳисоб меравад, дидан кард.

Тавре манбаъ меафзояд, Найтхарт Хёфер — Виссинг ҳамчунин бо раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноятзода мулоқот кард.

"Ҷонибҳо зимни суҳбат доир ба масъалаҳои сохтмону тандурустӣ, сармоягузорӣ, сайёҳӣ ва табодули таҷрибаи мутахассисони соҳаҳои гуногун гуфтушунид намуданд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар шаҳри Истаравшан зиёда аз 150 адад ёдгориҳои таърихӣ мавҷуд мебошанд, ки онҳо метавонанд барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ мусоидат кунанд.

104
Барчаспҳо:
сафари корӣ, Қалъаи Муғ, сафир, Истаравшан, Олмон, Тоҷикистон
Джамолиддин Абдуллозода, министр здравоохранения и социальной защиты Таджикистан

Вазир дар бораи як моҳи мубориза бо COVID-19 ва омори маргумир : “худро намебахшам”

69
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, вазъи коронавирус дар кишвар таҳти назорат буда, тибқи оморҳо он майли коҳишёбӣ дорад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Номбурда ин нуктаро зимни суҳбат бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” изҳор карда, гуфтааст, бо назардошти корҳои муҳими ташкилию безараргардонӣ барои пешгирии ин беморӣ мо дар маҷмӯъ, тавонистем вазъиятро таҳти назорат дошта бошем. Дар акси ҳол роҳандозии карантин дар кишвар ногузир мешуд.

Ӯ гуфтааст,  агар миқдори зиёдтарини сироят - 210 нафар рӯзи 21 май ба қайд гирифта шуда бошад, аз он рӯз гирифторӣ пайваста кам шуда, то 123 нафар поин омад, ки ин тамоюли умедворкунанда аст. Яъне тамоюли устувор.

Вазири тандурустӣ дар бораи омори маргумир ва табобаи аз ин беморӣ гуфтааст,  дар манзари фоҷиаи дигар кишварҳо, ки даҳҳою садҳо ҳазор шаҳрвандонашон қурбону гирифтори ин вабо мегарданд, рақамҳои мо ба назар намоён нестанд. Тавре шумо дуруст қайд кардед, воқеан ҳам,

“Фавт аз ин маризӣ торафт кам мешавад. Лекин шахсан ман худро намебахшам, ки аз 3930 гирифторшуда мо 47 нафарро наҷот дода натавонистем, ҳарчанд муборизаи шадид барои ҳаёти ҳар як бемор мекунем. Ҳамон вақте ки дар муқобили сатҳи фавт рақами сифр сабт шуд, танҳо ҳамон вақт ман кори худро ҳамчун вазир мусбат ҳисоб мекунам”,-гуфтааст Абдуллозода.

Абдуллозода ҳамчунин дар посух ба танқидҳо ки чаро кишвар қарантина ҷорӣ накард,  гуфтааст: “Тоҷикистон роҳи карантини нармро пеш гирифт. Яъне, маҳдудсозии интихобӣ ва ҳудудӣ. Ва такя ба фарҳангу фаросати халқи шарифи тоҷик. Ҳоло бинед, дар кӯча аксарият ниқоб мепӯшанд, гаштугузор дар кӯчаҳо хеле кам шудааст. Дастшӯӣ бо собун ё антисептик барои хурду бузург кори муқаррарӣ шуд. Ана ҳамин аз эҳтиёт кор гирифтани мардум беҳтарин ёрӣ ба табибон аст. Чунки шумораи сироят зиёд намешавад”.

Номбурда ҳамчунин гуфтааст, имрӯз барои табобати гирифторони ин беморӣ ҳама шароитҳо мавҷуданд ва дорувориҳо низ ҳаст,  ки новобаста аз минтақа дар пайи дархости беморхонаҳо дастрас мегардад.

Ба таъкиди вазири тандурустӣ,  пандемия нишон дод, ки ҳеҷ набошад, дар марказҳои вилоятҳо, шаҳрҳои калонтарин ташхисгоҳҳо дошта бошем, то дар мавриди зарурат, ки ҳисоб метавонад ба соату дақиқа равад, имконияти  гузарондани тестҳои на танҳо фаврӣ, балки оммавӣ дошта бошем.

“Яке аз муҳимтарин вазифае, ки назди вазорат истодааст, ҳалли ҳамин масъала аст”,-гуфтааст ӯ.
69
Барчаспҳо:
Ҷамолиддин Абдуллоев, табобат, омор, марг, вирус, Вазорати тандурустии ҶТ, Тоҷикистон
Ёдгор Файзов, председатель ГБАО

Файзов ба аёдати маризони коронавирус рафт ва аз шароити бади беморхона дидан кард - акс

61
(Таҷдидшуда 15:14 02.06.2020)
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов барои аёдати маризони коронавирус ба Беморхонаи марказӣ рафт

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Субҳи имрӯз раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов бо мақсади аз наздик шинос шудан аз вазъияти беморони гирифтори маризии коронавирус ба Беморхонаи вилоятӣ рафт, хабар медиҳад котиботи раиси вилоят.

Ба иттилои манбаъ, Файзов аз вазъияти Беморхонаи вилоятӣ дидан намуда бо беморон суҳбати ошкоро доир намуд.

"Маризон аз шароити беморхона аз ҷумла кам будани теъдоди ҳоҷатхонаҳо, ба талабот ҷавобгӯ набудани рахти хоб ва норасоии гармкунакҳои барқӣ шикоят намуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Дар ҳамин ҳол, раиси вилоят ба маъсулини тандурустии вилоят ва раёсати молияи вилоят супориш дод, дар кӯтоҳтарин муддат ин камбудиҳоро бартараф намоянд.

Ба изҳори беморон, табобат дар беморхонаи мазкур ройгон сурат мегирад ва аз лиҳози дастрасӣ ба маводи доруворӣ танқисӣ намекашанд.

Манбаъ меафзояд, пас аз беҳ шудани вазъият дар вилоят ва мураххас шудани ҳамаи маризони коронавирус Дармонгоҳи вилоятӣ ба таъмири капиталӣ фаро гирифта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки чанде қабл блогери маҳаллӣ Комчик Мирзоев бо нашри як навор аз дохили беморхонаи мазкур шароити тоқатфарсо ва аҳволи бади маризонро нишон дод.

Аммо пас аз пахши ин навор кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз блогер дархост намуданд, ки наворро аз шабакаҳои иҷтимоӣ гирад. Вале ба ҳар сурат корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аллакай навори чандлаҳзаинаро байни гурӯҳҳои иттилоотӣ паҳн намуданд.

Пахши ин навор аз шароити бади Беморхонаи марказӣ сару садоҳои зиёдеро барангехт.

61
Барчаспҳо:
маризон, бемористон, раис, Бадахшон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон