Тобистон, акс аз бойгонӣ

Ҳавошиносон ҳушдор медиҳанд: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад

74
Имрӯз низ дар ҷумҳурӣ ҳавои гарм боқӣ монда, шурӯъ аз 8 то 11 июн дар ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 2-3 дараҷа паст мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз, 7 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 13-18 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19+24 ва рӯзона +33+38 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +28 +33 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона +21 +26 ва рӯзона +37 + 42 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон пешбинӣ шудааст. Дар водиҳо шабона 17-22 ва рӯзона 34-39 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, рӯзона +36 +38 ва шабона +19+21 дараҷа гарм мешавад.

74
Барчаспҳо:
ҳушдор, гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

200
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

200
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд
Здание МИД РТ в Душанбе, архивное фото

Нигаронии Тоҷикистон аз даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даъват ба оташбас кард

213
(Таҷдидшуда 18:22 28.09.2020)
Тоҷикистонро низ вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ бетараф нагузошт. Ҳукумати кишвар дар робита ба даргириҳои шадиди миёни Озарбойҷону Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар робита ба вазъияти Қарабоғи Кӯҳӣ изҳороти расмӣ нашр намуд.

Дар изҳороте, ки торномаи ВУХ нашр намудааст, гуфта мешавад, ки Тоҷикистон аз задухӯрди низомӣ байни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон амиқан изҳори нигаронӣ менамояд.

"Аз ҷонибҳо бо исрор даъват мекунем, ки барои қатъи амалиёти ҳарбӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд. Бар онем, ки ҳалли низоъ дар Кӯҳистони Қаробоғ танҳо бо роҳҳои сиёсиву дипломатӣ имконпазир аст", - таъкид мешавад дар хабари вазорат.

Зимнан, Тоҷикистон аҳамияти истисноии ҳалли мусолиматомези ихтилофоти мавҷударо дар чаҳорчӯби меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ таъкид менамояд.

Даргириҳои шадид дар Қарабоғи Кӯҳӣ: даҳҳо нафар аз ду ҷониб куштаву захмӣ шуданд - акс

Ёдовар мешавем, субҳи рӯзи якшанбе, вазорати дифоъи Озарбойҷон эълом кард, ки нерӯҳои мусаллаҳи Арманистон ба маҳалҳои аҳолинишини хатти тамос дар Қарабоғ тирандозӣ кардаанд.

Ҳарду ҷониб якдигарро дар шиддат гирифтани мухолифат муттаҳам карданд. Ин даргирӣ миёни аҳолии осоишта низ маҷруҳ ва ҳалокшудаҳо барҷой гузошт.

213
Барчаспҳо:
даргирӣ, Қарабоғи Кӯҳӣ, изҳорот, Тоҷикистон
Деятельность МВД в борьбе с коронавирусом в Таджикистане

Омори нави гирифторӣ, шифо ва фавт аз COVID-19 дар Тоҷикистон

10
Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироятёбӣ ба COVID-19 ошкор гардид

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ, шумораи умумии гирифторони ин беморӣ аз 30 апрел то 28 сентябр ба 9 ҳазору 685 нафар расид.

Манбаъ афзуд, ки то имрӯз дар мамлакат 8483 нафар ё худ 87,5%-и гирифторони COVID-19 шифо ёфта, аз ин беморӣ 75 нафар фавтидаанд.

“Шабонарӯзи охир 79 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 53 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд”, - омадааст дар иттилоияи расмӣ.

Ахиран Созмони Миллал гузориш дод, ки коҳиши теъдоди беморон дар Тоҷикистон метавонад ба далели "камбуди зарфияти озмоиш дар ин кишвар" бошад. Аммо Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин иддаоро рад намуда, таъкид кардааст, ки тавони кофии ташхис дар кишвар фароҳам аст.

Бархе дар Тоҷикистон омори вазорати тандурустии ин кишвар марбут ба “вируси корона” - ро ба боди интиқод кашида, онро ғалат ва ғайривоқеӣ мехонанд. Ба иддаои онҳо, теъдоди гирифторону фавтидагон аз ин маризӣ аз он чӣ дар омори вазорат оварда мешавад, зиёд аст. Сабаби марги аксари онҳое, ки дар замони мубориза бо “вируси корона” дар Тоҷикистон фавтидаанд, расман илтиҳоби шуш, ишемияи дил, қанд ва дигар маризиҳои ҳамроҳ гуфта мешавад.

Аммо Александр Семёнов, раҳбари ҳайати “Роспотребнадзор” – и Русия, ки ба намояндагӣ аз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон якуним моҳ ба ин сӯ қарор дорад, мегӯяд, усули ҳисобдорӣ ё сабти мавридҳои “вируси корона” дар ин кишвар дуруст роҳандозӣ шудааст.

10
Барчаспҳо:
фавт, таманнои шифои комил, беморӣ, Тоҷикистон