Празднование Ураза-Байрам в Душанбе, архивное фото

Рӯзи таҷлили Иди Фитр дар Тоҷикистон муайян шуд

1084
(Таҷдидшуда 12:56 07.06.2018)
Имрӯз дар Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои уламо баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Имрӯз дар Тоҷикистон рӯзи Иди Рамазонро муайян карданд.

Тавре Кумитаи дин ва танзими анъанаи кишвар хабар медиҳад, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имрӯз дар як ҷаласаи вижа 15-уми июро дар Тоҷикистон рӯзи иди Фитр эълон кард.

"Мувофиқи ҳисобҳои илмӣ-астрономӣ ҳодисаи астрономии "Моҳи нав" соати 0043  шаби 13 ба 14-уми июн сурат мегирад ва рӯзи 14-ум эҳтимоли мушоҳидаи моҳи нав дар уфуқ зиёд аст. Иди саиди Рамазон рӯзи 15-уми июни соли 2018 муайян карда шавад",- омадааст дар қарори Шӯрои уламо.

Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.00 баргузор мешавад.

Пештар, Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо интишори раддияе гуфта буд, сару садоҳои гӯё ҷорӣ шудани  маҳдудиятҳо дар таҷлили иди саиди Фитр дурӯғ ва беасос аст.

"Ҳоло дар Тоҷикитсон рӯзи таҷлили Иди саиди Фитр эълон нашудааст", —гуфта мешуд дар иттилои манбаъ.

Иди Фитр пас аз анҷоми моҳи Рамазон таҷлил мешавад. Мусалмонони Тоҷикистон аз 17 май рӯза гирифтанд. Понздаҳуми июн ба рӯзи ҷумъа рост меояд.

1084
Барчаспҳо:
Иди фитр, Шӯрои уламо, Тоҷикистон