Садақаи фитр 5 сомонӣ ва закот 510 сомонӣ – барои Рамазони 2018

© Фото : ИСЛАМСКИЙ ЦЕНТР РТИсламский центр Республики Таджикистан
Исламский центр Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳаҷми садақаи фитр ва закот аз ҷониби Шӯрои улуамои Маркази исломии Тоҷикистон муайян карда мешавад

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Шӯрои уламои Тоҷикистон мобайнҳои моҳи май баробари эълом кардани оғози моҳи Рамазон, ҳаҷми садақа ва закотро низ муайян карда буд.

Мувофиқи қарори маҷлиси Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 14 май, ҳисоби шаръӣ нисоби закот 20 ҳазору 400 сомонӣ муқаррар карда шуда, аз он 510 сомонӣ закот дода мешавад.

Дар қарори мазкур гуфта мешавад, садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ ва ба ҳисоби мавиз 48 сомонӣ  муайян шудааст.

© Кумитаи дин ва танзими анъанаҚарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Қарори Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон

"Бояд садақаи фитр аз ҳар шахс миқдори ним соъ аз гандум ё орд ё ҷав пардохт шавад ва ин миқдор метавонад арзиши пулии он ченак бошад, ки аз тарафи Шӯрои уламои Тоҷикистон ба миқдори панҷ сомонӣ муайян гардидааст" — тавзеҳ додааст манбаъ.

Дар ҳами ҳол манбаъ таъкид кардааст, ки ин миқдори муайяншуда ҳадди ақалли ченак аст ва шахси сарватманд метавонад, миқдори зиёд ҳам ба бенавоён пардохт намояд.

Ёдрас мешавем, имрӯз ддар Тоҷикистон 15-уми июро  рӯзи иди Фитр эълон карданд.

"Мувофиқи ҳисобҳои илмӣ-астрономӣ ҳодисаи астрономии "Моҳи нав" соати 0043  шаби 13 ба 14-уми июн сурат мегирад ва рӯзи 14-ум эҳтимоли мушоҳидаи моҳи нав дар уфуқ зиёд аст. Иди саиди Рамазон рӯзи 15-уми июни соли 2018 муайян карда шавад",- омадааст дар қарори Шӯрои уламо.

Намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.00 баргузор мешавад.  

Лентаи хабарҳо
0