Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо зиёиёони вилояти Суғд, акс аз бойгонӣ

Раиси вилояти Суғд мактаби хатмкардаашро таъмир кард

628
(Таҷдидшуда 17:58 07.06.2018)
Ҳамчунин, Раҷаббой Аҳмадзода дар охирон рӯзи дарсии соли таҳсили 2017-2018 бо омӯзгорону хонандагони мактаби хатмкардааш мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 7 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мактаби хатмкардаашро дар Хуҷанд таъмир кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

"Бо мақсади иҷрои супориши раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дар самти саҳмгузорӣ  дар корҳои ободониву бунёдкорӣ бо ташаббуси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода муассисаи таълимии рақами 5-и шаҳри Хуҷанд ва иншооти ёрирасони он таъмир карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин, Аҳмадзода, имрӯз, 7 июн ба мактаби мазкур рафта, бо хонандагону омӯзгорони муассиса мулоқот кардааст.

Раиси вилоят ба мактаби мазкур 2 адад тахтаи электронӣ, 10 адад компутер ва принтер низ тақдим кард.

Пештар хабар дода шуд, ки соҳибкоре дар Конибодом таъмири мактаби хатмкардаашро бар ӯҳда гирифт.

Аҳадҷон Шарипов барои таъмири мактаби рақами 6 —и шаҳр 500 000 сомонӣ ҷудо кард. Дар назар аст, ки корҳои сохтмонӣ дар ин мактаб то моҳҳои сентябр ба анҷом расад.

628
Барчаспҳо:
мактаб, таъмир, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон