Баъди гармиҳо: ҳарорат дар Тоҷикистон паст мешавад ва борон меборад

© Sputnik / Владимир Сергеев / Гузариш ба медиабонкДождь, архивное фото
Дождь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки имрӯз ҳарорати ҳаво нисбат ба рӯзҳои қаблӣ паст фаромада, дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Имрӯз, 8 июн дар вилояти Суғд ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар дошта шудааст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 15-20 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат пешбинӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +24 +29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбанда шуда, танҳо дар баъзе ноҳияҳо боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо 17-22 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +34 + 39 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе ҳаво абрнок шуда, боридани боронҳои кӯтоҳмуддат ва ба амал омадани раъду барқ пешбинӣ мешавад. Дар водиҳои ноҳияҳои тобеи марказ шабона 15-20 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво рӯзона +33 +35 ва шабона +16+18 дараҷа гарм мешавад.

Лентаи хабарҳо
0