Ҳуҷҷат, акс аз бойгонӣ

Аз 3 ба 10 рӯз: Тоҷикистон ҳам мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони хориҷиро тамдид кард

265
Ёдрас мешавем, ки гардишгарон метавонанд дар Тоҷикистон то 30 рӯз бидуни сабти ном метавонанд буду бош кунанд

ДУШАНБЕ, 8 июн — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон бо қарори вижаи мӯҳлати сабти номи Тоҷикистонро аз 3 то 10 рӯз тамдид кардааст.
Тавре Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон хабар медиҳад, ин иқдоми Ҳукумати кишвар ба соли гардишгари эълон шудани соли 2018 иртибот дорад.

"Тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июни соли 2018 мӯҳлати бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ аз 3 шабонарӯз то 10 рӯзи корӣ муқаррар карда шуд",- гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Қарорҳои мазкур қоидаҳои бақайдгирии шиносномаҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва намунаи варақаи бақайдгирии онҳоро ба танзим дароварда, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандиро уҳдадор месозад, ки бо тартиби муқарраргардида дар муддати 10 рӯзи корӣ аз санаи ворид шуданашон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  шиносномаҳои хориҷии худ ё ин ки ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гиранд.

Ёдрас мешавем, ки гардишгарон метавонанд дар Тоҷикистон то 30 рӯз бидуни сабти ном метавонанд буду бош кунанд.

Пештар, Узбакистон низ мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ҳудуди кишвар тамдид карда буд.

265
Барчаспҳо:
гардишгарӣ, сабти ном, Тоҷикистон