БДА рақамҳои зебои силсилаи"OD" - 01 ва "DO" - 08 - ро мефурӯшад

© Sputnik / Амир ИсаевАвтомобильные номера в Таджикистане, архивное фото
Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "OD" - 01 ва "DO" - 08 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 23 июн дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 23 июни соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи "OD" — 01 ва "DO" — 08 ба таври музояда фурӯхта мешаванд.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоъия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ВВ" — 07 ва "ЕМ" — 01 —ро ба фурӯш гузошта буд.

Лентаи хабарҳо
0