Роҳҳои Душанбе, акс аз бойгонӣ

Роҳбандон: Дар Душанбе масири роҳи нақлиёт тағйир ёфт

294
(Таҷдидшуда 12:03 11.06.2018)
Ҳукумати пойтахт ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки то ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои мазкур ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаи А.Навоӣ ба роҳ монда мешавад

ДУШАНБЕ, 11 июн — Sputnik. Ҳаракати нақлиёт дар чанд кӯчаи марказии Душанбе қатъ карда шуда, масири роҳи нақлиёт тағйир ёфт, хабар медиҳад дафтари матбуотии шаҳрдории Душаебе.

Бино бар иттилои манбаъ, шурӯъ аз 11 июни  бинобар оғоз гардидани корҳои сохтмонӣ дар буриши роҳи мошингарди хиёбони Н. Махсум бо кӯчаи Баҳоваддинов, Н. Махсум бо кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе  ҳаракати воситаҳои нақлиёт   қатъ мегардад.

Ҳукумати пойтахт ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мерасонад, ки то ба итмом расидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои мазкур  ҳаракати воситаҳои нақлиёт тавассути кӯчаи А.Навоӣ ба роҳ монда мешавад.

Пештар дар пойтахт самти ҳаракати микроавтобусҳо тағйир дода шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдом барои пешгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр роҳандозӣ карда мешавад.

"Бо мақсади аз байн бурдани  тамбашавии воситаҳои нақлиёт фаъолияти ҳама намудҳои автобусҳои ғунҷоишашон хурд (микроавтобусҳо) бо истиснои микроавтобусҳои хатсайри №33А бо реҷаи Экспресс фаъолияткунанда тавассути кӯчаи Соҳилӣ ба роҳ монда шудааст",- гуфта мешуд дар иттилои манбаъ.

Аз меҳмонону сокинони шаҳри Душанбе хоҳиш карда мешавад, ки аз воситаҳои нақлиёти автобусҳои хатсайрҳои №4, 5 ва 12 истифода баранд, автобусу троллейбусҳоро дар истгоҳҳо мунтазир шавед.

294
Барчаспҳо:
роҳбандон, нақлиёт, шаҳрдорӣ, Душанбе, Тоҷикистон