Ёрии таъҷилӣ, акс  аз бойгонӣ

Фалокат зери по: ронандаи "Портер" дар манзилаш ҷияни 3-солаашро пахш кард

173
(Таҷдидшуда 11:21 12.06.2018)
Диловар Саидмуродзода - ронандаи "Портер" ҳангоми ҳаракат ба қафо духтари бародараш Нозанин Гурезоваро пахш кард

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз сар задани ҳодисаи нохуш дар ноҳиияи Ҳамадонӣ хабар медиҳад: ҷавони 27-солае ҷияни хурдсолашро пахш кардааст.

Манбаъ менависад, 11-уми июни соли равон, соати 08:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи "Портер", Диловари Саидмуродзода, соли таваллудаш 1991, сокини ҷамоати деҳоти Панҷруди ноҳияи Ҳамадонӣ, дар ҳавлии истиқоматиаш ҳангоми автомашинаро ба қафо ҳаракат кардан духтари хурдсоли бародараш Гурезова Нозанини 3-соларо пахш кардааст. 

Дар натиҷаи рух додани чунин ҳодисаи нохуш кӯдаки хурдсол  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст. 

Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

173
Барчаспҳо:
ҷиян, ҳодисаи нохуш, ронанда, ноҳияи Ҳамадонӣ, Тоҷикистон