Мошини оташнишон

Боз як сӯхтор дар Душанбе: панҷ манзил ба коми оташ рафт

187
Оташсӯзӣ дар яке аз манзилҳои кӯчаи Дарвоз сар зада, боди тунд оташро ба дигар манзилҳо низ расонд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Дар Душанбе дар наздикии Мясокомбинат сӯхтор сар зад, хабар додааст ВУД Тоҷикистон.

Бино бар маълумоти пешакӣ, оташсӯзӣ дар яке аз манзилҳои кӯчаи Дарвоз сар зад. Боди тунд алангаро ба дигар манзилҳо низ паҳн кардааст.

Оташ 120 метри квадратиро фаро гирифт ва асосан  боми манзилҳоро сӯхт.

Айни замон далели сар задани сӯхтор маълум нест. Оташсӯзиро панҷ мошини оташнишон хомӯш кардаанд. Талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ин севумин ҳодисаи сӯхтор тайи ҳафтаҳои охир дар Душанбе аст. Чанде пеш бозори "Султони Кабир" ва қаҳвахонаи "Мерве" низ оатш гирифт.

187
Барчаспҳо:
манзил, сӯхтор, Душанбе, Тоҷикистон