Раҷаббой Аҳмадзода, акс аз бойгонӣ

Аҳмадзода аз аҳволи сарбозони бемор хабар гирифт

129
Зимни боздид Раиси вилоят бо сарбозоне, ки дар госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд табобат мегиранд, суҳбат намуда, оид ба вазъи солимгардонӣ, саломатии онҳо ва дигар шароити муассиса пурсон шуд

ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд, воқеъ дар шаҳри Бӯстон боздид намуда, бо шароити солимгардонӣ ва истироҳативу табобатии афсарону сарбозон шинос шуд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, зимни боздид раиси вилоят бо сарбозоне, ки дар госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд табобат мегиранд, суҳбат намуда, оид ба вазъи солимгардонӣ,  саломатии онҳо ва дигар шароити муассиса пурсон шуд.

"Табобатгирандагон изҳор доштанд, ки дар госпитал тамоми шароити лозимӣ муҳайё мебошад. Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки фаъолити шабонарӯзии афсарону сарбозони шуҷоъи Ватан ва дар маҷмуъ хизматчиёни ҳарбӣ дар маркази таваҷҷуҳи  Ҳукумат аст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар  госпитали ҳарбӣ барои табобату солимгардонии сарбозон шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Дар баробари ошхонаву хонаҳои фароғатӣ дар муассиса инчунин меҳмонхона барои оилаҳои сарбозон мавҷуд аст.

Раиси вилоят дар аснои боздид аз госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд таваҷҷуҳи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстонро ба масъалаи дубора барқарор намудани кӯли ин мавзеъ ва беҳтар намудани фаъолияти меҳмонхонаи "Хуҷанд" ҷалб намуда, ҷиҳати иҷрои корҳои ободониву бунёдкорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Ҷоизи зикр аст, ки ба бошандагони госпитали ҳарбии Гарнизони Суғд аз ҷониби Раиси вилоят кӯмакҳои моддӣ, аз қабили маводи хӯрока ва сабзавоту меваҷот тақдим карда шуд.

129
Барчаспҳо:
бемор, сарбоз, Раҷаббой Аҳмадзода, Тоҷикистон
Лампочка, архивное фото

Лимити барқ дар Тоҷикистон: Раҳмон аз Вазорати энергетика чӣ талаб кард

116
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бастагӣ бо лимити барқ дар кишвар ба Вазорати энергетика чанд дастур дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаб кард, ки талафоти барқ кам карда шавад.

Роҳбари давлат ёдрас шуд, ки ҳукумати кишвар ба расидан ба истиқлолияти энергетикӣ то ҳол кӯшиш мекунад.

Барои амалӣ шудани ин ҳадаф кишвар нақша дорад ояндаи наздик чанд нерӯгоҳ ифтитоҳ шавад.

Бо вуҷуди ин,-изҳор дошт президент,-дар самти таъмини доимиву устувори неруи барқ ҳанӯз як силсила масъалаҳои муҳими ҳалталаб вуҷуд доранд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи барқ аз ҷумлаи ҳамин масъалаҳо мебошад.

Вай таъкид кард, ки Вазорати энергетика вазифадор мешаванд, ки барқи истеҳсолшавандаро ҳисоб карда, талафоти онро кам кунанд.

Ба гуфтиа президент, имсол сохтмони хатти интиқоли барқи 500 – киловолта аз Неругоҳи барқи обии "Роғун" то зеристгоҳи конвертории "Сангтӯда шурӯъ гардида, Неругоҳи барқи обии “Сарбанд” ба маблағи беш аз 1,5 миллиард сомонӣ пурра таҷдид ва бо иқтидори 270 мегаватт- яъне аз иқтидори имрӯзааш 110 мегаватт зиёд ба истифода супорида шуд.

Лимити барқ нархи ангишт ва ҳезуму таппакро боло бурд

"Ккорҳо доир ба навсозӣ ҷиҳати кам кардани талафоти неруи барқ ва ҷорӣ намудани низоми муосири баҳисобгирии он дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Панҷакент, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Бӯстон ва ноҳияи Данғара ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ оғоз мегарданд", - таъкид дошт раисҷумҳур.

 

116
Барчаспҳо:
Вазорати энергетика ва захираҳои об, лимит, барқ, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон во Дворце культуры в Матчинском районе

Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муҳоҷират: мо имкон дорем, ки мардумро пурра бо кор таъмин намоем

1262
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, имкони бо кор фаро гирифтани муҳоҷирини меҳнатӣ дар дохили Тоҷикистон вуҷуд дорад

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Президенти Тоҷикистон дар Паёми имсолааш ба парлумони Тоҷикистон, ки дар Кохи Сомони шаҳри Душанбе идома дорад, гуфт, соли 2020 бо сабаби пандемияи "вируси корона" 80% - и муҳоҷирини меҳнатӣ натавонистанд ба берун раванд.

"Аз 460 ҳазор нафаре, ки ҳамасола берун мерафтанд, фақат 111 ҳазор рафтаанд. Он чӣ ишора карда истодаам, ин аст, ки мо дар дохили кишвар захираву имконотеро дорем, ки дар оянда боз ҳам беҳтар кор карда, шароити корӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва кишоварзӣ эҷод намоем ва шароити корӣ фароҳам оварда, мардуми худро пурра бо кор таъмин намоем", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Тибқи иттилое, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъи аъзои парлумон эълон кард, соли гузашта дар Тоҷикистон 300 корхонаву коргоҳи саноатӣ таъсис ёфта, беш аз 6,5 ҳазор ҷои кории нав ба вуҷуд омадааст.

Вай афзуд, 157 муассисаи таҳсили умумӣ ва биноҳои иловагӣ барои 63 ҳазор хонанда, 108 муассисаи тиббӣ ва 1,2 млн мураббаъ манзили истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд.

“Дар ин давра 193 ҳазор ҷойи кории доимиву мавсимӣ ташкил шуда, даромади пулии аҳолӣ 10% зиёд шудааст”, - гуфт президент.

Вай афзуд, пасандозҳои сокинони Тоҷикистон 17, 2 фисад зиёд шуда, 11,4 миллиард сомониро ташкил додааст, ки гувоҳи зиёд шудани даромади аҳолӣ ва афзоиши эътимоди онҳо ба ташкилотҳои карзӣ аст.

1262
Барчаспҳо:
пешниҳод, Эмомалӣ Раҳмон, муҳоҷират, Тоҷикистон
Российский миротворец на блокпосту №6 на въезде в город Шуши на дороге из Степанакерта в Лачин

Ин ғайри қобили қабул аст: Қарабоғи Кӯҳӣ аз ҳамроҳ шудан бо Озарбойҷон сарпечӣ кард

0
Мақомоти Қарабоғи Кӯҳӣ дар бораи вазъи кунунии ҷумҳурии эътирофнашуда шадидан сухан гуфтанд

ДУШАНБЕ, 26 январ - Sputnik. Президенти Қарабоғи Кӯҳӣ Араик Арутунян дар мулоқот бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилии минтақа дар бораи сарнавишти минбаъдаи ҷумҳурии эътирофнашуда ҳарф зад.

Вай изҳор дошт, ки мавҷудияти Қарабоғ дар дохили Озарбойҷон ғайриимкон ва ғайри қобили қабул аст.

"Роҳи душвор ва тӯлоние моро барои барқарорсозӣ ва тақвияти кишвар интизор аст, ки дар он тамоми мардуми Артсах имкони зистан ва эҷод карданро доранд", - таъкид кард Арутунян.

Ба гуфтаи раҳбари минтақа, бо вуҷуди шароити душвор, Қарабоғи Кӯҳӣ муборизаро барои эътирофи байналмилалии истиқлолият идома хоҳад дод.

Ин масъала, ба гуфтаи Арутунян, бояд дар Гурӯҳи Минскии САҲА матраҳ шавад. Ҳамзамон, президенти Қарабоғи Кӯҳӣ гуфт, ки кишварҳои миёнарав дар ин созмон мавқеи ӯро ҳамроҳӣ мекунанд.

Арманистон сабаби шикасташ дар Қарабоғи Кӯҳиро гуфт

Дар ҷараёни мулоқот Арутунян сардори нави департамент Карен Саркисянро ба кормандони Вазорати корҳои хориҷӣ муаррифӣ кард, ки қаблан вазифаи сардори Хадамоти давлатии фавқулодаи минтақаро ба ӯҳда дошт, 

Низоъ дар Қарабоғи Кӯҳӣ

Амалиёти мусаллаҳона дар Қарабоғи Кӯҳӣ аз соли 1987 инҷониб сар мезанад. Ин муноқишаи сиёсию қавмӣ байни озарбойҷониҳо ва арманиҳо мебошад.

Бори охир он 27 сентябри 2020 дигарбора сар зад. Ҳанӯз маълум нест, ки кадом кишвар аввалин шуда тиркушоиро оғоз кардааст, дар ҳоле ки Арманистон ва Озарбойҷон дар тирборон ҳамдигарро айбдор карданд.

Муноқиша беш аз як моҳ давом кард ва бо дахолати президенти Русия Владимир Путин боздошта шуд.

Тадбири асосии оташбас имзои созишномае буд, ки баргардонидани қаламравҳои ишғолкардаи Арманистон ба Озарбойҷонро пешбинӣ мекунад.

Ин санад шаби 9 ба 10 ноябр имзо шудааст. Аз ҳамон лаҳза амалиёти ҷангӣ дар Қарабоғи Кӯҳӣ қатъ шуд.

Миёни ҷангу сулҳ: гузориши аксӣ аз Қарабоғи куҳӣ

Шартҳои риояи созишномаҳоро посдорони сулҳи Русия назорат мекунанд. Онҳо инчунин ба гурезагон кӯмак мерасонанд, корҳои тоза кардани минаҳоро анҷом медиҳанд ва инфрасохтори шаҳрҳои маҳаллиро барқарор мекунанд.

0
Барчаспҳо:
ҷанг дар Қарабоғ, Русия, низоми оташбас, ҷанг, Арманистон, Озарбойҷон