Нерӯгоҳи Роғун, акс аз бойгонӣ

Амниятиҳои Узбакистон аз рафти сохтмони нерӯгоҳи Роғун ошно шуданд

213
(Таҷдидшуда 13:27 13.06.2018)
Нерӯгоҳи "Роғун" бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.  Ҳайъати хадамоти бехатарии давлатии Узбакистон, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд, бо рафти корҳои сохтмонӣ дар Нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" ошно шуданд, иттилоъ додааст кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон.

Ҳайъати хадамоти бехатарии давлатии Узбакистонро раиси ин хадамот Ихтиёр Абдуллоев роҳбарӣ менамояд.

Ҳайъати Узбакистон зимни сафари худ ба Тоҷикистон дар масоили мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ҳифзи сарҳадоти давлатӣ, мубодилаи иттилоот, тақвияти мубориза алайҳи хатарҳои ҷаҳонӣ сурат гирифт табодули назар хоҳанд кард.

Инчунин дар ин дидор намояндагони мақомоти Тоҷикистон бо Узбакистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд.

Нерӯгоҳи "Роғун" бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ истеҳсол менамояд.

 

213
Барчаспҳо:
ошноӣ, сохтмон, НБО "Роғун", Узбакистон, Тоҷикистон