Шералӣ Хайруллоев, акс аз бойгонӣ

Боздиди Шералӣ Хайруллоев аз зиндонҳо ва мулоқот бо маҳбусон

91
(Таҷдидшуда 14:41 13.06.2018)
Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амнияти миллӣ бо вазъи иншооти навбунёде, ки дар зиндонҳо сохта шудаанд, шинос шуд

ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik.  Ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили амнияти миллӣ Шералӣ Хайруллоев ва сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Точикистон Шарифзода Иззатулло ба маҳбасҳои кишвар рафта, аз вазъи маҳкумшудаҳо ошно шуданд.

Тавре Вазорати адлияи Тоҷикистон хабар медиҳад, Шералӣ Хайруллоев ва  Шарифзода Иззатулло  ба муассисаҳои ислохии ноҳияҳои тобеъӣ марказ ва ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сафар карда, аз вазъи воқеъии маҳкумшудаҳо ошно шуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, масъулин  зимни сафар аз вазъияти феълии маҳбасхонаҳо ошно шуда бо якчанд маҳкумшудаҳо дар бораи шароити буду боши  дар маҳбас мулоқот карданд. 

Шералӣ Хайруллоев инчунин аз биноҳои нав, ки  барои мулоқоти дарозмуддат бо хешовандони маҳбусон сохта шудааст, ошно шуда.

Ба Шералӣ Хайруллоев ду сехи истехсолии нав, ки барои ба кор таъмини маҳкумшудаҳо бо кор ифтитоҳ шудааст,  шиносоӣ карданд. 

91
Барчаспҳо:
зиндон, Шералӣ Хайруллоев, Тоҷикистон