Тифлони навзод, акс аз бойгонӣ

Таваллуди чоргоники дигар дар Тоҷикистон

565
(Таҷдидшуда 12:42 14.06.2018)
Назокат Ходибоева - модари чор фарзанд, ин дафъа чоргоник ба дунё овард: се писар ва як духтар

ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Дар  Тоҷикистон чоргоники дигаре таваллуд шуд. Ин дафъа модаре дар вилояти Суғд якбора чор фарзанд ба дунё овард.

Тавре ба Sputnik Тоҷикистон сухангӯи Ҳукумати вилояти Суғд Музаффар Юнусов хабар дод, Назокат Ходибоева — зани 35-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби 13 июн чоргоник таваллуд кардааст.

Модари хушбахт, ки чор фарзанди дигар доштааст, ин дафъа соҳиби се писар ва як духтар шудааст.

Ба гуфтаи Юнусов, Назокат Ходибоева дар Таваллудхонаи вилоятӣ дар шаҳри Хуҷанд алъон бистарӣ гаштааст.

"Саломати модар ва кӯдакро пизишкон хуб арзёбӣ мекунанд. Писарон то 2,3 кг ва духтарак 1,7 кг вазн дорад", — тавзеҳ дод манбаъ.

Масъулини ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дидорбинии ин модари хушбахт рафта, гуфтаанд, дар тарбияи  фарзандон ба модар кӯмак хоҳанд кард.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи май сокини 22-солаи шаҳри Бохтар низ  чоргоник таваллуд карда буд. Заррина Неъматова — донишҷӯи Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон дар беморхонаи рақами 1 шаҳри Душанбе якбора соҳиби се духтар ва як писар гашт. Масъулини шаҳрдории Душанбе ба оилаи ҷавон ваъада дода буданд, ки дар тарбияи кӯдакон кӯмак мекунанд.

565
Барчаспҳо:
чоргоник, модар, фарзанд, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон