Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, акс аз бойгонӣ

Ҳал мекунем: Муҳаммадзода пас аз шикояти сокинон аз "Ҳусноро" ба маҳаллаи 1 май рафт

378
(Таҷдидшуда 16:03 17.06.2018)
Сокинони маҳаллаи 1 май ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шикоят кардаанд, ки ширкати "Ҳусноро" сохтмони манзилҳояшонро ба таъхир андохтааст

ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода барои баррасии шикояти сокинон ба маҳаллаи 1 май рафт, хабар медиҳад дафтари матбуоти раиси шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш сокинони ин мҳалла ба раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шикоят кардаанд, ки ширкати сохтмонии "Ҳусноро" сохтмони манзилҳояшон ба таъхир андохтааст.

Гуфта мешавад, Муҳаммадзода дар маҳаллаи 1 май бо масъулини дахлдор ва бошандагони маҳал мулоқот кард.

"Масъулини сохтмон гуфтанд, ки ду масъалаи асосӣ дар сохтмон ҳаллии худро наёфта буд ва бо ҳамин далел сохтмон ба таъхир афтода буд. Чанд рӯз қабл масъалаи хатти барқ баррасӣ карда шуд ва ҳалли худро ёфт. Мушкилоти обу ташноб низ ҳафтаи оянда ба пуррагӣ ҳал мешавад", — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Мудири кулли ширкати "Ҳусноро-1" Ван Рен Лин ваъда додааст, ки онҳо кӯшиш мекунанд, ки ташхиси лоиҳаи сохтмон аз ҷониби идораҳои марбутаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарчи зудтар тасдиқи худро ёбад.

"Баъди хулосаи мусбати ташхис мо бо ширкати сохтмонӣ дар хусуси оғози сохтмон шартнома баста, ба зуддӣ сохтани биноҳоро оғоз менамоем. Барои анҷом додани корҳо сохтмонӣ маблағҳои кифоя дорем", — таъкид доштааст вай.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба Ван Рен Лин дастур додааст, ки бинобар қисми аъзами ташхиси лоиҳаи сохтмон хулосаи мусбат ба даст оварданаш, бо пудратчии сохтмон шартномаро имзо ва корҳои омодагиро андешад.
"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд як моҳ қабл иҷозати корҳои ҳамворкуниро дода буд. Мардум интизор ҳастанд, ки кай соҳиби бино мешаванд. Мо бояд корро тезонем", — таъкид доштааст раиси шаҳр.

Мудири кулли "Ҳусноро-1" гуфтааст, сокинон ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳо дода нашаванд.Ширкаташон бонуфуз аст. Шаҳрвандон метавонанд бо мушкилот ва саволҳояшон ба роҳбарияти ширкат муроҷиат намоянд ва дар навбати худ роҳбарияти ширкат ҳамарӯза онҳоро қабул ва аз раванди корҳо иттилоъ медиҳанд.

378
Барчаспҳо:
шикоят, сохтмон, Маъруф Муҳаммадзода, Хуҷанд, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

432
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

432
Тонущий человек, архивное фото

Корманди БДА дар Суғд донишҷӯдухтарро аз худкушӣ наҷот дод

388
Раҳматзода Даврон, муовини сардори Бозрасии давлатии автомобилии Суғд ҳамин чанд лаҳза пеш бо иҷрои як амали фаврии худ, аз худкушии як донишҷӯдухтар дар Сирдарёи Хуҷанд пешгирӣ кард

ДУШАНБЕ, 29 сен – Sputnik. Чанд нафар аз шоҳидони ҳодиса ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳудуди як соат пеш як донишҷӯдухтари тақрибан 18 - сола ба қасди худкушӣ худро аз болои пул ба дарё сарозер намудааст.

Раҳматзода, ки ин ҳангом барои иҷрои вазифаҳои хидматӣ аз болои купрук мегузашт, манзари ғарқшавиро дида, фавран бо қаиқ ба маҳалли ҳодиса шитофта, донишҷӯдухтарро, ки дар ҳоли фурӯрафтан ба коми дарё буд, ҳамроҳ бо кормандони ситоди ҳолатҳои фавқулода аз об зинда берун кашидаанд.

Фахриддини Аваззод, корманди БДА Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ба маҳзи кӯшиши ҳамкораш Раҳматзода ва кормандони КҲФ дар Суғд, он духтарча аз вартаи худкушӣ раҳо шудааст.

"Агар Раҳматзода ва кормандони КҲФ фавран ба қаҳри дарё намерасиданд, шояд ин донишҷӯдухтар ба ҳалокат мерасид. Худоро шукр, ки зинда монд ва аз ғарқшавӣ наҷот дода шуд”, - иброз намуд, Аваззод.

Ба иттилои манбаъ, зимнан донишҷӯдухтарро ба Бемористони шаҳрии № 1 Хуҷанд интиқол додаанд ва баъди пурра ба худ омадан аз вай сабаби даст ба чунин амал заданашро пурсон мекунанд. Дафъаҳои охир хабарҳо дар бораи даст ба худкушӣ задани шаҳрвандон дар руду обанборҳо зиёд ба нашр мерасад.

"Кӯмак кунед, кӯмак кунед": як ҷавони тоҷик дар Русия ғарқ шудааст

Субҳи имрӯз, дафтари матбуоти КҲФ Тоҷикистон аз дарёфти ду ҷасад аз дарёи Вахш хабар дод. Бар пояи эълони КҲФ зани 31 - солаи сокини ноҳияи Ёвон рӯзи 27 сентябр ҳамроҳ бо духтарчаи 9 - солааш дар дарёи Вахш ғарқ шуд.

388
Барчаспҳо:
донишҷӯдухтар, ғарқ, Суғд