Река Варзоп, архивное фото

Дар як шабонарӯз дар Тоҷикистон панҷ нафар ғарқ шуд

131
(Таҷдидшуда 18:11 18.06.2018)
Миёни ғарқшудагон се нафараш кӯдак будааст, ки бузургтаринаш 15 сола доштааст

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik.  Умед Юсуфӣ роҳбари хадамоти матбуоти кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҳавзҳои Тоҷикистон дар як шабонарӯзи охир панҷ нафар ғарқ шуд.

Дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар ҳавзҳо се кӯдак, ки бузургтаринаш 15 сола будааст, ғарқ шудаанд.
Наҷотдиҳандаҳо ҷасадҳои онҳоро бардошта ба мақомотҳои дахлдор супурданд.

Дар Тоҷикистон мавсими оббозӣ расман 1 июни соли ҷорӣ боз шудааст.

Кормандони кумитаи ҳолатҳои фавқуллода барои рух надодани ҳодисаҳои нохуш ҳангоми оббозӣ сокинону меҳмононро ба эҳтиёткорӣ даъват карда, қоидаҳову пайомадҳои шиновариро ёдрас менамояд.

Ҳамчунин мавзеъҳои махсуси шиновариро пешниҳод мекунад, ки оббозӣ дар он маконҳо бехатар ва таҳти назорат аст.

Вале бо вуҷуди ин, ҳар сол даҳҳо нафар аз сабаби надонистани шиноварӣ ва қоидаву макони он ба ҳалокат мерасанд.

Кумита таъкид кардааст, ки сабаби ба ҳалокат расидани кӯдакҳо ин оббозӣ дар мавзеъҳои номуайян, надонистани шиноварӣ ва беаҳмиятии волидайн, ки кӯдакони худро дар назди ҳавзҳо бе назорат мегузоранд, будааст.

Қаблан ду духтари тоҷик ҳангоми аксбардори дар лаби дарёи Сурхоби ноҳияи Рашт ғарқ шуданд.

Рӯзи 28-уми апрели соли равон, соати 17:10 ба қисми навбатдории Шӯъбаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар Рашт хабар расид, ки сокини 19-солаи Душанбе, ки ба хонаи хешовандонаш ба меҳмонӣ омада буд, ҳангоми суратгирӣ дар телефони ҳамраҳаш ба оби дарёи Сурхоб сарозер шуд.

Ин духтар хостааст дар мавзеъи шӯхоб, дар манзараи туғёни мавҷи хурӯшони рӯди Сурхоб расм гирад ва пояш лағжидаву мувозинаташро гум кардааст. Духтари 15-сола аз ҷумлаи хешовандони вай, ки мехост кӯмакаш кунад, низ ҳамроҳ бо вай ба дарё рафт.

 

131
Барчаспҳо:
оббозӣ, ғарқ, кӯдак, наҷотдиҳанда, Душанбе, Тоҷикистон