Российские военнослужащие оказали содействие в доставке гуманитарной помощи в школы РТ

Низомиёни пойгоҳи 201 ба кӯдакони бепарасдори тоҷик кӯмаки моддӣ расониданд

32
Низомиён ба ҷамъияти кӯдакони "Зумрад" беш аз 700 кило маводи ғизоӣ аз ҷумла маҳсулоти донагӣ, гӯшти мурғ, ширқиём, сабзавот орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалро дастрас карданд

ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Низомиёни пойгоҳи 201 Русия ба ҷамъияти кӯдакони "Зумрад" кӯмаки башардӯстона расониданд.

Ба кӯдакон беш аз 700 кило маводи ғизоӣ, аз ҷумла маҳсулоти донагӣ, гӯшти мурғ, ширқиём, сабзавот, орду равған ва дигар маҳсулоти ниёзи аввал дастрас шуд.

Бори аввал нест, ки пойгоҳи низомии Русия  ба муносибати иди саиди Фитр ба сокинони Тоҷикистон кӯмакҳои башардӯстона мерасонанд.

Ҷамъияти кадакони "Зумрад" соли 1995 таъсис ёфтааст. Дар созмон  бештар кӯдакон аз хонаводаҳои бенавова ятим ва тарбият мегиранд.

Пойгоҳи низомӣ пештар ба хонаи пиронсолон, кӯдакистон ва куҳансарбозон низ кӯмаки башардӯстона расонида буд.

32
Барчаспҳо:
кумаки башардӯстона, пойгоҳи 201, Пойгоҳи низомии "201"-и Русия, кумак, кӯдакон, низомиён, Душанбе, Тоҷикистон