Баҳриддин Давлатов маводи нашаъадорро ба донишҷӯён фурӯхта, мехост пул кор кунад...

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкПреступник за решеткой
Преступник за решеткой - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳамин тариқ, мутобиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судӣ маводи аз Баҳриддин Давлатов мусодирашуда дар маҷмӯъ 4 кг 64 граммро ташкил дод

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Баҳриддин Давлатов — як зодаи ноҳияи Восеъ дар паҳн кардани маводи мухаддир дар байни донишҷӯёну ҷавонон муттаҳам мешавад, хабар додааст Ожонси назорати маводи мухаддир.

Бино бар иттилои манбаъ, Давлатов ҳафтаи гузашта аз ҷониби кормандони Ожонси назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон дар шаҳри Бохтар дастгир шуд.

"Ҳангоми кофтуков аз зери камарбанди дастгиршуда ду адад халтаи полиэтилении шаффоф гирифта шуд, ки дар дохили он 21 грамм маводи нашъаовари навъи афюн пинҳон карда шуда буд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ҳамчунин аз манзили муттаҳам дар шаҳри Бохтар 1 бастаи полиэтилении дигар бо маводи нашъаовари навъи афюнёфт шуда, мусодира гардидааст.

"Дар боғи наздиҳавлигии хонаи мазкур аз зери замин пакети полиэтиленӣ пайдо карда шуд, ки дар онҳо низ маводи нашъаовари афюн пинҳон карда шуда буд. 50-60 метр дуртар аз пинҳонгоҳи мазкур боз як пакети полиэтилении шаффоф ёфт гардид, ки дар он маводи сахттаъсири навъи героин ҷой карда шуда буд", —омадааст дар иттилои намояндаи ожонс.

Ҳамин тариқ, мутобиқи маълумотномаи шуъбаи экспертизаи судӣ маводи аз Баҳриддин Давлатов мусодирашуда дар маҷмӯъ 4 кг 64 граммро ташкил дод.

Аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, нисбат ба гумонбаршуда Давлатов Баҳриддин Раҳмонович тафтиши пешакӣ идома дорад.

Бино ба маълумоти тафтишоти пешакӣ, Баҳриддин Давлатов фурӯши маводи нашъадорро байни донишҷӯён ва ҷавонон ба роҳ монда, мехост аз ин роҳи ҷиноятӣ маблағ ба даст орад.

Лентаи хабарҳо
0