Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

"Ваҳдат. Давлат. Президент": Китоби дигаре дар бораи раисҷумҳур мунташир шуд

132
(Таҷдидшуда 20:23 22.06.2018)
Нашриёти "Истеъдод", ки яке аз бонуфузтарин коргоҳҳои табъу нашри пойтахт аст, дар арафаи ҷашни бошукуҳи 21- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби "Ваҳдат, Давлат , Президент" - ро ба нашр расонид

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон китоб дар бораи нақши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳ мунташир шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, китоби "Ваҳдат. Давлат. Президент"-и Мирзошоҳрух Асрорӣ ва Рамазон Давлатовро нашриёти "Истеъдод" мунташир кардааст.

 "Нашриёти "Истеъдод", ки яке аз бонуфузтарин коргоҳҳои табъу нашри пойтахт аст, дар арафаи ҷашни бошукуҳи 21- солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби "Ваҳдат, Давлат, Президент" — ро ба нашр расонид", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Саҳна, акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс-служба президента Таджикистана

Манбаъ меафзояд, дар китоби мазкур аз нақши кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва ташаббусҳои раисҷумҳур дар тарғиби арзиши об гуфта меашавад.

"Дар китоби мазкур нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ, аҳамияти таҷрибаи сулҳи тоҷикон барои минтақа ва ҷомеаи байналмилалӣ, нақши шахсиятҳои сиёсӣ дар дарёфти сулҳ ва оштии миллӣ, ҳамзамон ташаббусҳои сарвари давлати тоҷикон дар масъалаи аҳамият ва арзиши  об, тарғиби эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ва рушди сайёҳӣ мавриди баррасӣ ва арзёбӣ қарор гирифтаанд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдрас мешавем, аввалҳои ҳамин сол хабар дода шуд, ки тоҷир ва сиёсатмадори тоҷик дар бораи раисҷумҳури Тоҷикистон китоб навиштанд.

Китоби "Эмомалӣ Раҳмон-асосгузори давлатдории муосири тоҷик"-ро нашрияи "Контраст"-и пойтахт мунташир кардааст.

Муаллифони китоб соҳибкор  Абдуқаҳҳор Холов ва мушовири калони бахши ёвари раисҷумҳури Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ доктори илмҳои таърих Зафар Сайидзода мебошад.

Дар китоб қайд карда мешавад, ки тамоми ҳодисаи тақдирсоз, дар тӯли 25 сол бо номи Эмомалӣ Раҳмон пайванд дорад.

Муаллифон, ба гуфтаи худашон боварӣ доранд, ки ин пажӯҳиш ба мардум, аз ҷумла ба ҷавонон имконият медиҳад,  дар бораи ҳаёт ва фаъолияти сиёсии раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон маълумоти зарурӣ пайдо кунанд.

Китб дар 500 нусха мунташир шудааст ва нусхаи он дар вебгоҳи расмии Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи славянии Русияву Товҷкистон ҷой дода шудааст.

132
Барчаспҳо:
нақш, ваҳдат, китоб, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон