Китобхона, акс аз бойгонӣ

Дар Суғд китобхонаи беҳтарини вилоятро муайян мекунанд

29
(Таҷдидшуда 21:23 22.06.2018)
Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» бо 12000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар китобхонаи беҳтарини вилоятро муайян мекунанд, иттилоъ медиҳад Ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, 16-уми июл то 20-уми августи соли 2018 дар байни 355 китобхонаи низоми фарҳанги шаҳру навоҳӣ озмуни вилоятии "Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018" баргузор мешавад. Дар ин бора қарори Раиси вилояти Суғд аз 18.06.2018,№262 ба тасвиб расид.

"Озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо ва баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон ташкил карда шудааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

 «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018»  бахшида ба ҷашнҳои пуршукӯҳи 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  "Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани соли 2018,  ҳамчунин ба ифтихори 140 — солагии зодрӯзи сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони  Тоҷикистон  Садриддин Айнӣ ва дигар рӯйдодҳои таърихӣ баргузор хоҳад шуд.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» бо 12000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешавад.

Ҳамзамон соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 10000 сомонӣ, 8000 сомонӣ ва 6000 сомонӣ қадршиносӣ мешаванд.

29
Барчаспҳо:
озмун, китобхона, Тоҷикистон