Маҳкама, акс аз бойгонӣ

Узви гурӯҳи "Раҳмон-Гитлер" ба 15 сол аз озодӣ маҳрум шуд

93
(Таҷдидшуда 12:01 23.06.2018)
Додгоҳи шаҳри Душанбе узви яке аз гурӯҳҳои пешини шибҳинизомиро ба муддати 15 сол маҳкум ба зиндон кард

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Душанбе узви яке аз гурӯҳҳои пешини шибҳинизомиро ба муддати 15 сол маҳкум ба зиндон кард, хабар медиҳанд расонаҳои расмии Тоҷикистон.

Асомуддин Бобохонзода муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе ин парванда ба хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон тавзеҳ додааст.

"Фахриддин Назарови 43-сола дар солҳои 1998 то 2001 ҳамроҳ бо теъдоде аз аъзои гурӯҳи шибҳинизомии Раҳмон Сангинов мулаққаб ба "Гитлер" дар шаҳри Душанбе ва атрофи он ба ҷиноятҳои мусаллаҳона аз қабили қатл, роҳзанӣ, таҷовуз ба номус, дуздӣ, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ даст задааст", — таъкид кардаст вай.

Назаров ва ҳамдастонаш ҷиноятҳои ёдшударо бо истифода аз автомати "Калашников" ва туфангчаи "Макаров" анҷом додаанд.

Муовини раиси додгоҳи шаҳри Душанбе дар бораи сарнавишти шарикони ҷурми Фахриддин Назаров тавзеҳ надодааст.

93
Барчаспҳо:
ҷиноят, зиндон, Тоҷикистон