Одноразовый стакан для напитка, архивное фото

Ҳаво имрӯз дар Суғд то 36, Хатлон - 39 ва Бадахшон то 27 дараҷа гарм мешавад

29
(Таҷдидшуда 11:07 23.06.2018)
Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, рӯзҳои истироҳатӣ дар ҷумҳурӣ ҳаво абрноки тағйирёбанда гашта, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво тӯли ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон ба 39 дараҷа, дар Суғд ба 36, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27, ноҳияҳои тобеи марказ 36 ва дар шаҳри Душанбе ба 35 дараҷа мерасад.

Тибқи иттилои манбаъ, имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва ба амал омадани раъду барқ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +18+23 ва рӯзона +32+37 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +9+ 14 ва рӯзона +23 +28 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабри тағйирёбандаи бебориш шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17 +22 ва рӯзона +33 + 38 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ абрноки боронӣ шуда, раъду барқ ба амал меояд.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +17+19 ва рӯзона +33+35 дараҷа гарм мешавад.

29
Барчаспҳо:
гармӣ, Тоҷикистон