Дастбанд, акс аз бойгонӣ

Ҳуҷуми зани 28-сола бо шиша ва корд ба марди рус дар Душанбе

418
(Таҷдидшуда 11:45 23.06.2018)
Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Дар Душанбе зане дар ҳолати мастӣ ба марди рус бо корд ва шиша ҳуҷум карда, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст. Дар ин бора Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 38-солаи сокини шаҳри Душанбе, миллаташ рус, муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми июни соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, зани 28-солаи сокини пойтахт, миллаташ рус, дар ҳолати мастӣ ба хонаи истиқоматиаш омада, бо шиша ба сараш ва бо корди дар дасташ буда, ду маротиба ба пушташ задааст", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар натиҷа, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. 

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Пештар хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон як шаҳрванди Эронро ба ҷурми мастӣ 15 ҳазор сомонӣ ҷарима карданд.

Додгоҳи ноҳияи Файзобод муҷрим Нури Туркиамони Ромин Ороҷалиро барои дар ҳолати мастӣ идора намудани воситаи нақлиёт дар асоси моддаи 332-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳкор дониста, нисбат ба ӯ  ҷазои маъмурӣ таъин кард.

Ин шаҳрванди Эронро нозирони роҳ   дар шоҳроҳи Ваҳдат — Рашт, дар ҳудуди Ҷамоати доҳоти Меҳробод зимни дар ҳолати мастӣ дар ҷойи ҷамъиятӣ идора намудани воситаи нақлиёташ дастгир намудаанд. Дар натиҷаи муоинаи тиббӣ маълум гардидааст, ки ҷабрдида дар баробари шароб истеъмол кардан боз моддаҳои  нашъадор низ истифода  намудааст.

418
Барчаспҳо:
дар ҳолати мастӣ, боздошт, ВУД, Тоҷикистон