Президенты Таджикистана и Турции Эмомали Рахмон и Тайип Эрдоган

Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Тайип Эрдуғон барқия табрикотӣ ирсол намуд

49
(Таҷдидшуда 11:26 26.06.2018)
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раҷаб Тайип Эрдуғонро бо пирӯзии комил дар интихоботи раисҷумҳурии Туркия табрик кард

ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Туркия Раҷаб Тайип Эрдуғон барқияи табрикӣ ирсол намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

"Бо камоли хушнудӣ Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихоботи раисҷумҳурии Туркия табрик ва муборакбодӣ менамоям" — таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Раисҷумҳури Тоҷикистон натиҷаи интихоботи мазкурро як нишонаи эътимоду дастгирии ҷомеаи Туркия аз сиёсати созандаи Раҷаб Тайип Эрдуғон арзёби кардааст.

"Тоҷикистон алоқаманди густаришу таҳкими ҳамаҷонибаи муносиботи гуногунҷанбаи судманд бо Туркия мебошад ва мо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкориҳои кишварҳоямон изҳори қаноатмандӣ менамоем. Итминон дорам, ки дар давраи нави фаъолияти Шумо дар ин маснади олӣ мо бо саъю эҳтимоми муштарак равобити неки байни кишварҳоямонро ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳоро бо мазмуну мундариҷаи тоза боз ҳам ғанитар хоҳем гардонид" — гуфта шудааст дар бароқия табрикотӣ.

Лозим ба ёдоварист, ки раисҷумҳури Туркия Тайип Эрдуғон аллакай дар давраи аввали интихобот пирӯзии мутлақро ба даст овард. Ӯ дар интихоботи гузашта беш аз 52 дар сади райи мардумро ба даст овард.

 

 

49
Барчаспҳо:
табрикот, барқия, Эмомалӣ Раҳмон, Эрдуғон, Туркия, Тоҷикистон
Самолеты на взлетно-посадочной полосе, архивное фото

Эрон 70 шаҳрвандашро аз Тоҷикистон баргардонд

0
(Таҷдидшуда 14:58 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран аз бозгашти 70 шаҳрванди эронӣ аз ин кишвар хабар дод

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Муҳаммадтақии Собирӣ дар саҳифаи Твиттераш навиштааст, ки бо тамҳидот ва пайгириҳои ба амал омада, севумин гурӯҳ (70 тан) аз шаҳрвандони эронӣ, ки дархости бозгашт аз Тоҷикистон ба кишварамонро доштанд, рӯзи  13 август бо парвози фавқулъодаи ширкати ҳавопаймоии Вориш аз шаҳри Душанбе ба Эрон бозгаштанд, иттилоъ додааст Садои Хуросон.

Ба гуфтаи вай, рӯзи панҷшанбе ҳамчунин 60 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Эрон ҳузур доштанд бо парвози ихтисосии ширкати ҳавоии “Вориш” аз Машҳад ба Душанбе парвоз карданд.

Бо баста шудани ағлаби марзҳои ҳавоӣ бар асари ҳамагирии вируси корона, бисёре аз давлатҳо бо парвозҳои ихтисосӣ шаҳрвандони худро ба кишварҳояшон мунтақил мекунанд.

Ин аввалин маротиба нест, ки Эрон шаҳрвандони худро аз Тоҷикистон эъзом мекунад.

Ёдрас мешавем, ки 24 феврали соли равон кишварҳо дар паи ҳамагирии коронавирус то ба эътидол омадани вазъият, алоқаи ҳавоиро мутаваққиф гузоштанд.

То ин дам аз Эрон ба Тоҷикистон ширкати ҳавопаймоии эронии Varesh Airlines парвоз мекард. Ҳавопаймо як бор дар як ҳафта тариқи хатсайри Машҳад-Душанбе-Машҳад ва Теҳрон-Душанбе-Бишкек-Душанбе-Теҳрон парвоз анҷом медод.

Дар навбати худ аз пойтахти Тоҷикистон ба Эрон ширкатҳои ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" ва "Сомон Эйр" парвоз мекарданд.

0
Барчаспҳо:
Ватан, бозгашт, сафир, шаҳрванд, Тоҷикистон, Эрон
Посол Ирана в Таджикистане Мухаммажтаки Собири

Таслияти сафири Эрон дар Тоҷикистон аз даргузашти Гулназар Келдӣ

21
(Таҷдидшуда 14:47 15.08.2020)
Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар паёме даргузашти Гулназар Келдӣ, нависанда, шоири шаҳир ва сарояндаи суруди миллии Тоҷикистонро таслият гуфт

ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории “Парстудей”, Муҳаммадтақии Собирӣ дар ин паём изҳор дошт, ки бо даргузашти Гулназар Келдӣ, ҷомеаи илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистон яке аз шахсиятҳои худро аз даст дод.

“Ин муҳаққиқи номошнои тоҷик, даврони умри пур хайру баракаташро дар ҷиҳати эътилои забон ва адаби муштаракамон сипарӣ намуд ва осор ва ёдгорҳои арзишманди ӯ дар ҳавзаи адабиёти порсӣ на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар Эрон низ бисёр шинохташуда ва мавриди таваҷҷуҳ мебошад”, афзудааст сафири Эрон дар Тоҷикистон.

Собирӣ афзуд, инҷониб зимни арзи таслият ба бозмондагон, миллат ва кишвари дӯст ва ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, аз Худованди бузург барои он марҳум оромиши абадӣ ва ҷаннати маконӣ ва барои бозмондагонаш сабру шикебоӣ орзу мекунам.

Гулназар Келдӣ, шоири мардумии Тоҷикистон дар сентябри 1945 дар минтақаи Айнии вилояти Суғд ба дунё омад ва 24 сол дошт, ки нахустин маҷмӯаи ашъораш бо нома «Расми сарбозӣ» интишор ёфт ва мавриди истиқболи шоирони замон воқеъ шуд.

Дастархон, Нардабон, Ағба, Паҳно, Лангар, Пайи дарё ва Ҷашми нигин аз ҷумла маҷмӯаи шеърҳои мунташиршудаи Гулназар Келдӣ ҳастанд.

Гулназар Келдӣ аз ҷумлаи саршиностарин шоирони Тоҷикистон буд, ки ашъораш ба хатти форсӣ дар Эрон ва Афғонистон ба чоп расид ва шеърҳои чандин шоири машҳури русро низ ба форсии тоҷикӣ тарҷума кард.

Гулчине аз ашъори устод Гулназар Келдӣ бо номи «Забони ошиқӣ» ба кӯшиши марҳум Қайсари Аминпур, шоири барҷастаи муосири эронӣ, дар интишороти Сурӯши Эрон ба чоп расидааст.

21
Барчаспҳо:
сафир, паём, Гулназар Келдӣ, ҳамдардӣ, таслият, Эрон, Тоҷикистон