ДУШАНБЕ, 26 июн — Sputnik. Имрӯз, 26 июн кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар Иди нон, асал ва зардолу ширкат кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон. Раисҷумҳур бо катбонуҳо, мардони ҳунарманд ва деҳқонони асил мулоқоту суҳбатҳои самимӣ анҷом дод.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин ҷо аз ҷониби кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, асосан маҳсулоти нонӣ, асал ва 35 навъи зардолу ба намоиш гузошта шуд. Дар намоишгоҳ замбӯрпарварони 12 шаҳру ноҳияҳои вилоят навъҳои гуногуни асал ва прополисро ба маъраз гузоштанд.
"Зимни суҳбат бо замбӯрпарварони вилоят Эмомалӣ Раҳмон дастур дод, ки бо ворид кардани зотҳои серҳосили занбӯри асал оилаҳои онро афзоиш дода, истеҳсоли асалро ҳам барои содирот ва ҳам барои таъмини бозори дохилӣ бештар намоянд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.
Дар Иди зардолу бошад, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Конибодом, Ашт, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва филиали суғдии Институти боғдорию сабзавоткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Боғи миллӣ" навъҳои маъмулу серҳосили зардолуи маҳаллиро ба намоиш гузоштанд.
Соли гузашта дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 1 ҳазору 40 ва имсол бошад, 737 гектар боғи нав бунёд карда шуд, ки дар онҳо асосан ниҳоли дарахтони серҳосили мевадиҳандаи ба содирот нигаронидашуда шинонида шудаанд.
Дар маҷмуъ имрӯз дар миқиёси вилоят 54 ҳазору 591 гектар боғ мавҷуд аст, ки аз он 36 ҳазору 205 гектараш боғи ҳосилдеҳ мебошад.
Имрӯз дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят зиёда аз 46 ҳазор гектар боғи зардолу мавҷуд аст, ки ҳосилаш ҳам ба шакли тар ва ҳам ба тарзи банду басти мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ба хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Украина, Беларус, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Ҷумҳурии Халқии Хитой, давлатҳои арабии Шарқи наздик ва кишварҳои Аврупо содирот мешавад.
Соли гузашта аз вилояти Суғд ба хориҷи кишвар наздики 35 ҳазор тонна меваҷот, аз ҷумла 4 ҳазору 800 тонна меваи тар содирот шудааст. Дар панҷ моҳи соли равон бошад, ҳаҷми содироти мева ба зиёда 12 ҳазор тонна расидааст, ки аз ин нишондод 1 ҳазору 600 тоннааш зардолу мебошад.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран дар маҷлиси васеи Ҳукумати Тоҷикистон, ҳукумати кишварро вазифадор кард, ки иҷрои сифатноки нақшаҳои хафтсоларо, ки дар суханронииаш дар маросими савгандёдкунӣ баён карда буд, таъмин намоянд.
Раисҷумҳур таъкид дошт, ки ҳукумат барои ду баробар афзоиш додани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 10 дарсад коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ дар ин давра тамоми имкониятҳои мавҷударо сафарбар созад.
Ёдрас мешавем, ки раисҷумҳури Тоҷикистон зимни савгандёдкунӣ дар соли гузашта гуфта буд, ки дар ҳафт соли оянда Тоҷикистон бояд афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро то ду баробар ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолиро ба 45 фоиз расонида, сатҳи камбизоатиро то 15 фоиз коҳиш диҳад.
Завқизода: сатҳи камбизоатӣ дар 20-сол аз 83 дарсад то ба 26 дарсад коҳиш ёфт
Вай афзуд, ки дар натиҷаи амалӣ гардидани санадҳои стратегӣ сатҳи камбизоатӣ аз 38,3 фоизи соли 2013 то 26,3 фоиз дар соли 2020, яъне 12 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон аз 73 то 75 сол боло рафт.
ДУШАНБЕ, 28 янв – Sputnik. Размикори ӯзбек, ки ахиран шомили UFC гардидааст, аслан тоҷик аст, вале дар Самарқанд ба воя расидааст. Ӯ худ тоҷик буданашро инкор намекунад ва мегӯяд, чун дар Ӯзбекистон хуни нофаш рехтааст, аз ин рӯ бо парчами ин кишвар ба майдон мебарояд.
Адашев ҳанӯз ним сол қабл вориди UFC шуд, вале муборизаи ӯ бидуни пирӯзӣ анҷом ёфт. Инчунин набарди рӯзи 20 январ ҳам барои ӯ ноком гузашт.
Ин размикор мегӯяд, муоширати ӯ бо волидонаш аслан бо забони тоҷикӣ аст, вале чун дар Ӯзбекистон калон шудааст, аз ин рӯ маҳз ин кишварро намояндагӣ мекунад.
Варзишгари 20 солаи тоҷик аз Русия бо медали тилло баргашт
Адашев дар муроҷиат ба ҳаводони тоҷику ӯзбеки худ мегӯяд ӯро тақсим накунанд ва аз ӯ наранҷанд.
Ин размикор соли 2019 озими Амрико шуд ва новобаста ба тамоми мушкилоте, ки ӯро дунболагир буд, тавонист мавқеяшро дар ҷомеа дарёбад.
Зарру Адашев дар Амрико ҳам ронандаи таксӣ ва ҳам ҳаммол буд, вале ҳоло ки бо UFC созишнома бастааст, ҷаҳд дорад то камардандро ба даст орад.