Зинда бод дӯстӣ!: ҳокими Фарғона меҳмони Хуҷанд шуд

© Sputnik Фестиваль плова в Худжанде
Фестиваль плова в Худжанде - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нахуст меҳмонон аз фаъолияти Корхонаи навтаъсиси муштараки Тоҷикистону Туркия “Арча - мебел”-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Як гуруҳи меҳмонони вилояти Фарғонаи Узбакистон таҳти роҳбарии ҳокими ин вилоят Шӯҳрат Ғаниев бо мақсади иштирок дар чорабинии бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ҳамзамон шиносоӣ бо фаъолияти ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии вилояти Суғд вориди Хуҷанд шуданд, хабар медиҳад дафтари матбуотии раиси шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, нахуст меҳмонон аз фаъолияти Корхонаи навтаъсиси муштараки Тоҷикистону Туркия "Арча — мебел"-и шаҳри Хуҷанд шинос шуданд.

"Меҳмонон изҳор доштанд, ки дар ояндаи наздик ҳамкории мутабқобилаи судманд бо "Арча — мебел" ба роҳ монда хоҳад шуд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Певцы Джурабек Муродов и Шерали Джураев - Sputnik Тоҷикистон
Шоми дӯстӣ дар Тошканд: ҳунармандони тоҷик бо Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон мераванд

Ҳайати меҳмонони вилояти Фарғона ҳамчунин ба корхонаи муштараки "Ҷавонӣ" ташриф оварда, аз раванди истеҳсолот ва содироти моли ин корхона ба хориҷӣ кишвар маълумот пайдо намуданд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд корхонаи муштараки мебелбарории Тоҷикистону Туркия бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман ба фаъолият шурӯъ кард.

таҷҳизоти технологии замонавии корхонаи нав аз Туркия, Италия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид карда шудааст. Барои истеҳсоли маҳсулот 80 фоиз ашёи хоми ватанӣ истифода шуда, боқимонда аз кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла аз Русия, Белорусия, Туркия, Ҷумҳурии Узбакистон ворид мегардад.

Истеҳсолот дар ду бахш ба роҳ монда мешавад, дар бахши аввал мебел бо истифодаи профилҳои гуногуни оҳанӣ, верзалит барои муассисаҳои томактабӣ, таълимгоҳҳо, шифохонаҳо ва дар бахши дуюм бо истифодаи тахтачубҳои гуногун фурнитура ва дигар мебелҳои умумӣ, биноҳои маъмурӣ, маишӣ ва ғайра сохта мешаванд.

Дар коргоҳи мазкур беш аз 50 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Иқтидори истеҳсолӣ дар 2 бахш пешбинӣ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0