Ронанда, акс аз бойгонӣ

Сокинон қонуншикании 10 ронандаро ба БДА хабар додаанд

200
(Таҷдидшуда 13:09 28.06.2018)
Аз ҷумла, як нафари онҳо зан мебошад, ки ба риоя накардани талаботи моддаи 325 қисми 4 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 28 июн — Sputnik. Сокинони пойтахти Тоҷикистон ба Шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилӣ дар шаҳри Душанбе аз табаҳкории 10 ронана дар роҳҳои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Тавре Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, сокинон аз ҷойи ҳодиса акс гирифта, ба БДА ирсол кардаанд.

Граждане сообщили о провонарушение 10 водителей в Душанбе
Граждане сообщили о провонарушение 10 водителей в Душанбе

"Нозирони роҳ аз рӯи далелҳои қоидавайронкунӣ, ки дар аксҳои ирсолкардаи шаҳрвандон омадааст, нисбати ронандагони табаҳкор чораандешӣ намуданд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Граждане сообщили о провонарушение 10 водителей в Душанбе
Граждане сообщили о провонарушение 10 водителей в Душанбе

Раёсат меафзояд, дар  натиҷа 10 нафар ронандагон, ки ба риояи талаботи қонунгузорӣ хунукназарӣ менамуданд, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.

Илова бар ин ронанадагони қонуншикан барои ба таври такрорӣ содир накардани чунин кирдорашон баёнот додаанд.  Акс ва ному насабҳои ронандагон дар вебгоҳи Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе мунташир шудааст.

БДА аз сокинон барои ин ҳамкорӣ сипосгузор аст.

200
Барчаспҳо:
хабар, қонуншиканӣ, ронанда, Душанбе, Тоҷикистон