Мужчина отдыхает у фонтана, архивное фото

Тобистони тоқатфарсо: имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 41 дараҷа гарм мешавад

58
(Таҷдидшуда 09:42 29.06.2018)
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад

ДУШАНБЕ, 29 июн — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво қисман абрноки  тағйирёбанда гашта, ҳарорат рӯ ба баландшавӣ меорад. Ин гуна вазъи обу ҳаво то 3 июл  идома ёфта, ҳарорат нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст хоҳад шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар вилояти Суғд ҳаво абрнок шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +17+22 ва рӯзона +35+40 дараҷа гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ҳавои қисман тағйирёбандаи бебориш шуда, ҳаво шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво камабр шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +19 +24 ва рӯзона +36 + 41 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Ҳаво дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ қисман абрнок гардида, дар водиҳо ҳарорат шабона ба 13-18 ва рӯзона 34-39 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Шабона +16+18 ва рӯзона +37+39 дараҷа гарм мешавад.

58
Барчаспҳо:
гармӣ, Агентии обуҳавошиносӣ, Тоҷикистон
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

ВУХ Тоҷикистон: давоми 11 рӯз 680 тоҷикистонӣ ва 58 тобут аз Русия ба ватан интиқол ёфт

30
(Таҷдидшуда 15:59 31.05.2020)
Ширкати ҳавопаймоии "Уралские авиалиния" боз 49 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Федератсияи Русия ба ватан интиқол дод

ДУШАНБЕ, 31 май— Sputnik. Ширкати "Уралские авиалиния" шаби 29 ба  30 - юми  май парвози махсус аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом дод, хабар медиҳад Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймои ин ширкат 49 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия қарор доштанд, аз Москва ба Душанбе интиқо дод.

Гузашта аз ин, 13 тобути шаҳрвандони кишвар низ ба Тоҷикистон интиқол ёфт.

Манбаъ тавзеҳ медиҳад, ки сар аз 19 то 30 майи соли ҷорӣ дар ҳамоҳангӣ бо ҷониби Русия аз марказҳои нигаҳдории муваққатии ин кишвар ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ 680 шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои омодашудаи зарурӣ барои сафарро доштанд, инчунин ҷасадҳои 58 ҳамватан баргардонида шуданд.

Сатторов: дар фурудгоҳҳои Маскав дигар шаҳрвандони Тоҷикистон намондаанд

Вазорат иттилоъ медиҳад, ки ҷиҳати иҷрои дастури роҳбари давлат оид ба татбиқи нақшаи тадриҷан ва марҳила ба марҳила баргардонидани шаҳрвандон, айни замон имконияти анҷом додани парвозҳои махсус ба Русия ва дигар кишварҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии ватанӣ мавриди корбарӣ қарор дорад.

Ҳамзамон бояд таъкид кард, ки раванди бозгардонидани шаҳрвандон аз хориҷа ба Ватан ба фароҳам оварда шудани шароити лозим, аз ҷумла омода будани ҷойҳои кофӣ барои карантин ё муроқибати тиббии онҳо дар Тоҷикистон вобаста хоҳад буд.

30
Барчаспҳо:
Русия, шаҳрвандони тоҷик, интиқол, ВУХ ҶТ
Абдуваҳҳоб Искандаров, собиқ сардори милиса дар Кӯлоб ва ВМКБ

Даргузашти боз як генерал - собиқ сардори милисаи Кӯлобу Бадахшон, баъди бародараш

3216
(Таҷдидшуда 15:09 31.05.2020)
Абдулваҳҳоб Искандарзода, собиқ сардори Раёсати вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб ва Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон даргузашт. Ин дуюмин мусибат дар хонаводаи Искандарзодаҳо тайи ду ҳафтаи охир мебошад

ДУШАНБЕ, 31 май - Sputnik. Як манбаъ дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум шаби гузашта дар манзили худ ҷон ба фонофарин таслим кардааст.

“Он кас ҳудуди як моҳ ба ин сӯ таҳти назорати табибон буданд. Як муддат дар шифохона ва сипас манзилашон табобат гирифтанд. Аммо дар бораи маризиашон маълумоте надорем”, - гуфт ин манбаъ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода узви дуюми хонаводаашон аст, ки тайи як моҳи ахир вафот кардааст. Ду ҳафтаи қабл бародари ӯ Абдусалом Искандарзода, собиқ сардори Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Тоҷикистон дар гуруҳои навоҳии минтақаи Кӯлоб фавтида буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, Искандарзода Абдулваҳҳоб Мансур 25 ноябри соли 1957 таваллуд ёфта, хизмати аскариро дар Ҷумҳурии демократики Афғонистон дар сафи Нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ адо кардааст ва бо нишонҳои президуми Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ “Ҷанговари интернатсионалисти Иттиҳоди Шӯравӣ” ва президенти Афғонистон қадрдонӣ шудааст.

 Бино ба ин манбаъ, аз 22 майи соли 1984 дар сафи милиса ба фаъолият оғоз намудааст.

“Дар раёсати шӯъбаҳои милисаи собиқ вилояти Кӯлоб дар вазифаҳои нозири шуъбаи кадрҳо Раёсати корҳои дохилӣ (РКД), нозири калони РКД, ёвари сардор ва сардори шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии РКД, сардори РКД, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва сардори бахши минтақаӣ кор кардааст. Як замон муовини сардори Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар гуруҳи навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон, сипас муовини сардори Раёсати ВКД дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор кардааст”, - омадааст дар баёни ҳасби ҳоли ӯ.

Абдулваҳҳоб Искандарзода 20 январи соли 2016 сардори РВКД дар Вилояти вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъйин шуд. Рӯзи 25 августи соли 2017 аз сӯи президенти Тоҷикистон ба ӯ рутбаи генерал-майори милиса дода шуд.

Сипас 12 декабри соли 2017 аз вазифаи сардори РВКД дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон сабукдӯш ва баъдтар муовини сардори сардори РВКД дар вилояти Хатлон таъин шуд.

 “Ӯ чанде қабл ба нафақа рафт ва зиндагии мулкиро аз сар гирифт. Ӯ дар хотираҳои мо ҳамчун як ҳамкори меҳрубон ва низомии ҳирфаиву ватандӯст боқӣ хоҳад монд”, - гуфтанд дар Раёсати ВКД – и вилояти Хатлон.

Дар ҳамин ҳол, Абдулваҳҳоб Искандарзода танҳо генерал – майоре нест, ки тайи ду моҳи ахир дар Тоҷикистон олами фониро тарк кардааст. Қаблан Абдулло Ҳабибов, собиқ муовини вазири дифоъ, Абдураҳмон Азимов, фармондеҳи собиқи нирӯҳои сарҳадии Тоҷикистон, Абдулназар Абдуласанов, собиқ муовини вазири дифоъи Тоҷикистон низ дар айни бознишастагӣ ба даъвати ҳақ пайвастанд.

3216