Боздошт, акс аз бойгонӣ

Боздошти хонандаи синфи 8 дар Ваҳдат ба иттиҳоми дуздӣ

129
(Таҷдидшуда 11:26 30.06.2018)
Зарари ба шаҳрвандон расонидаи наврас дар умум 7 ҳазору 225 сомониро ташкил додааст

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Толибилми синфи 8 дар шаҳри Ваҳдат ба иттиҳоми дуздӣ боздошт шуд, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

Бино бар иттилои манбаъ, ба мақомоти корҳои дохилӣ  марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намуд, ки санаи 29-уми июн тахминан соати 10:30 шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи "Газел" 4000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини кӯчаи Салимзодаи шаҳри Ваҳдат, хонандаи синфи 8-уми МТМУ, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шуд. 

Ҳамчунин ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат аризаи зани 38-солаи сокини шаҳри мазкур ворид гардидааст.

"8-уми июни соли 2018, шахсони номаълум қулфи дари ошхонаи шахсиаш бо номи "Вохурӣ", воқеъ дар кӯчаи 20-солагии Истиқлолияти шаҳри Ваҳдатро шикаста, аз он ҷо 2-адад тафдони барқӣ ва дигар ашёҳои рӯзгорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 3225-сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар аризаи шикояти зан.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи дар боло зиргардида содир намудааст. 

Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

129
Барчаспҳо:
дуздӣ, боздошт, наврасон, Тоҷикистон
Таблетки, архивное фото

“Авифавир”: нахустин доруи зидди COVID-19 дар Русия аз суи Вазорати тандурустӣ тасдиқ шуд

93
(Таҷдидшуда 10:32 31.05.2020)
Вазорати тандурустии Русия як доруеро тасвиб кард, ки ба паҳншавии коронавирус дар бадан монеъ мешавад

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Вазорати тандурустии Русия аввалин доруи сохти ватании зидди коронавирусро барои истеҳсол иҷоза дод, хабар медиҳад РИА Новости.

Маводи доруворӣ бо тамғаи иҷоратии “Авифавир” аз ҷониби Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) ва гурӯҳи ширкатҳои "Химрар" таҳия карда шудааст.

Гуфта мешавад, Авифавир нахустин доруи мустақими вирусии сохти  Русия аст, ки дар озмоишҳои клиникӣ самараи худро нишон додааст.

Дору ба паҳншавии коронавирус дар тамоми бадани инсон халал мерасонад.

Қаблан Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт гуфта буд, ки бидуни ваксина пандемияро комилан мағлуб имкон надорад.

“Авифавир на танҳо доруи антивирусӣ алайҳи коронавирус дар Русия ба қайд гирифта шудааст, балки мумкин аст, умедворкунандатарин доруи зидди COVID-19 дар ҷаҳон бошад”,- гуфт директори генералии Фонди сармоягузории мустақими Русия (РФПИ) Кирилл Дмитриев.

Снаи 24 май, нахустурологии Вазорати тандурустӣ, академик Дмитрий Пушкар эълон карда буд, ки аввалин дору барои табобати коронавирус дар бозори Русия моҳи июн пайдо мешавад. Ба гуфтаи табиб, бо истифода аз ин дору, табобати сирояти коронавирус на зиёда аз як ҳафта тул хоҳад кашид.

Вазорати тандурустӣ аз тадриҷан кам шудани коронавирус дар Тоҷикистон хабар дод

Бино бар пояи оморҳои ахир давоми як рӯзи охир дар Русия 8952 ҳолати нави сироятёбӣ бо коронавирус ошкор шудааст. Дар маҷмӯъ, 396.575 нафар тасдиқ карда шуданд, ки аз он 4,5 ҳазор нафар фавтиданд, беш аз 167 ҳазор бемор шифо ёфтаанд.

93
Ноги и футбольный мяч

Футболи Ӯзбекистон 5 июн ба майдон бармегардад

37
Омодагӣ барои тамрину мусобиқаҳо бояд тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена сурат гирад.

ДУШАНБЕ, 31 мая — Sputnik. Бозиҳои чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон аз 5 июн оғоз меёбанд, вале бидуни тамошобинон ба хотири чораҳои зидди паҳншавии COVID-19 баргузор мешаванд.

Қарорри мазкурро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ оид ба мубориза бо коронавирус қабул кардааст.

Чемпионати футболи Ӯзбекистон рӯзи 16 март, пас аз як рӯзи дарёфти аввалин гирифтори COVID-19 дар ин кишвар, боздошта шуда буд.

"Аз 5 июн иҷозат дода мешавад, ки чемпионати Лигаи касбии футболи Ӯзбекистон бидуни тамошобинон идома дода шавад", - омадааст дар шабакаи Телеграммаи Вазорати адлия.

Бошгоҳҳои футболи касбӣ бояд машқҳоро тибқи қоидаҳои санитарӣ, меъёрҳо ва стандартҳои гигиена гузаронанд.

Ёдовар мешавем, ки Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар ҷумҳурӣ чораҳои карантиниро то 15 июн тамдид кард. Аммо аз 1 июн дар баъзе аз минтақаҳои санаторияҳо, клубҳои варзишӣ кушода, тӯйҳо ва ҷашнҳо иҷозат дода мешаванд.

Мақомоти Ӯзбекистон сар аз оғози моҳи май дар минтақаҳое, ки шуъи коронавирус дар он паст шуд чораҳои қарантиниро сустар карданд.

Ҳамчунин, сар аз 15 май кори паркҳо, музейҳо ва варзишгоҳҳо дубора барқарор шуданд.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Аз 18 май робитаҳои нақлиёти мусофирбар байни Тошканд ва минтақаҳои кишвар барқарор гардид.

Рӯзи 11 март Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт коронавирусро пандемия эълон кард. Тибқи охирин маълумоти ТУТ, дар ҷаҳон беш аз 6 миллион ҳодисаи беморӣ ба қайд гирифта шудааст, беш аз 357 ҳазор нафар ҷон додаанд.

Дар Ӯзбекистон шумораи ҳодисаҳои ба қайд гирифташуда ба 3 546 расид. 14 бемор фавтида, 2 783 нафар шифо ёфтанд.

37