сангҳои қиматбаҳо, акс аз бойгонӣ

Боздошти қочоқбари сангҳои қиматбаҳо дар Тоҷикистон

132
(Таҷдидшуда 12:14 03.07.2018)
Бо иттиҳоми муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо сокини ноҳияи А.Ҷомӣ дастгир гардида, тафтишот идома дорад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Як сокини 33-солаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии филизот ва сангҳои қиматбаҳои табиӣ (марворид) боздошт шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

"Аз гумонбаршаванда ҳангоми кофтукови шахсӣ, 12-адад сангҳои қиматбаҳои "Зумурад", арзишашон 31 ҳазору 146 сомонӣ, 4-адад сангҳои қиматбаҳои "Ёқути-Сурх", арзишашон 7 ҳазору 132 сомонӣ ва 1-адад санги қиматбаҳои "Ёқути-Кабут", ки арзишаш 525 сомониро ташкил медиҳад, дарёфт ва мусодира гардид" — тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Вазни сангҳои қиматбаҳои гирифташуда, 9,26-грамм буда, арзиши умумиашон 45 ҳазору 814 сомониро ташкил додааст.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

132
Барчаспҳо:
Ҷомӣ, Ёқут, сангҳои қиматбаҳо, пулис, қочоқ, ВКД, Тоҷикистон