Эмомалӣ Раҳмон бо Рустами Эмомалӣ дар Душанбе "Боғи кӯдакон"-ро ифтитоҳ кард

© пресс-служба президента РТЭмомали Рахмон открыл в Душанбе обновленный "Детский парк"
Эмомали Рахмон открыл в Душанбе обновленный Детский парк - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Боғи кӯдакон барои сайру саёҳат, истироҳат ва иштирок дар ҳамоишҳои варзишию фарҳангии кӯдакон таъсис ёфтааст

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар маросими ифтитоҳи "Боғи кӯдакон" иштирок намуданд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.

"Дар даромадгоҳи асосии боғ дарвоза бо баландии 10 метр насб карда шуда, дар атрофи он ҳайкалчаҳои афсонавӣ ҷойгир карда шудаанд. Мизи шоҳмот, ки дар як гӯшаи боғ сохта шудааст, дар тарҳ росткунҷашакл буда, андозаҳояш 15,6 метр бар 13,2 метр мебошад" — менависад манбаъ.

Новый парк Дунёи афсона, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бо супориши раисҷумҳур: дар Тоҷикистон беҳтарин боғи фарҳангиро муайян карданд

Инчунин дар ҳудуди боғ барои дилхушии кӯдакон тибқи лоиҳа 40 адад бозичаҳои афсонавии гуногун, ба монанди сангпушт, оҳу, бузаки ҷингилапо бо гург, санҷоб, кабк, товус, хирс, гург ва заргӯш аз филмҳои тасвирӣ ҷойгир карда шудааст.

Ҳамчунин аз Туркия ва Италия барои боғи тозатаъсис 115 адад чархофалакҳои гуногун ворид ва насб шудааст.

Боғи мазкур дар назди Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакону наврасон"-и шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.

Лентаи хабарҳо
0