Марзи Тоҷикистону Афғонистон, акс аз бойгонӣ

Задухӯрди масаллаҳонаи марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон дар марз

104
(Таҷдидшуда 12:27 04.07.2018)
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дод. Дар натиҷа сарҳадбонони тоҷик аз қочоқи маводи мухаддири зиёде пешгирӣ карданд

ДУШАНБЕ, 4 июл — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва қочоқбарони афғон задухӯрди мусаллаҳона рух дод, хабар медиҳад сухангӯи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев.

Бино бар иттилои манбаъ, задухурд  30 июни соли ҷорӣ дар назди дидбонгоҳи сарҳадии "Дарвоз" дар ВКМБ ба амал омадааст.

Тавре манбаъ тавзеҳ медиҳад, "гурӯҳи мусаллаҳи қочоқбарони шахсияташон номаълум — шаҳрвандони Афғонистон дар вақти убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ба муқовимати шадиди сарҳадбонони тоҷик дучор шуданд".

Дар натиҷа, байни сарҳадбонон ва қочоқбарони мусаллаҳи афғон задухӯрд сурат гирифт. Муттаҳамон аз торикии шаб истифода бурда ба ҷониби Афғонистон фирор намуданд.

"Баъди фирори шаҳрвандони Афғонистон, сарҳадбонон ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронда, 31 кило афюн дарёфт намуданд" — афзудааст Улуғхоҷаев.

Тафтишот идома дорад.

104
Барчаспҳо:
задухурд, қочоқи маводди мухаддир, марзбонони тоҷик, қочоқ, марз, Афғонистон, Тоҷикистон
Пожарные тушат огонь, архивное фото

Сӯхтор дар Бозори марказии Шаҳритус ва шарҳи Вазорати корҳои дохила

83
(Таҷдидшуда 10:01 25.05.2020)
Дар пайи сӯхтори рӯзи гузашта дар Бозори марказии ноҳияи Шаҳритус бештар нуқтаҳои фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ зарар дидаанд

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон сӯхтори рӯзи гузашта дар бозори марказии ноҳияи Шаҳритусро шарҳ дод.

Тиқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод сӯхтор соати 17:30 дақиқаи рӯзи 24 майи соли равон дар Бозори маркази нохияи Шаҳритус рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, сӯхтор дар масоҳати 800 метри мураббаъ ба амал омадааст.

“Дар натиҷаи сӯхтор 2 саройи (навес) фурӯши масулоти хоҷагии қишлоқ, 12 мағозаи хӯрока 10 нуқтаи фурӯши махсулоти хоҷагӣ зарар дида, зиеда аз 30 адад дӯкони савдо аз коми оташ наҷот дода шуд”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамазамон, хатари паҳншавии оташ ба биноҳои Амонатбонк ва Агроинвестбонк, ки дар шафати бозори мазкур қарор доштанд, пешгирӣ карда шуд.
Гуфта мешавад, сабабҳои сар задани ҳодисаи сӯхтор аз руи хулосаи пешакӣ расиши ноқилҳои барқӣ буда аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда мавриди тафтиш қарор дода шудааст.

ВУД мегӯяд, барои хомӯш кардани оташ 11 адад нақлиёти сӯхторнишонӣ ва обкашон аз қисмҳои мустақили Хадамоти давлатии оташнишонӣ сафарбар карда шуда, оташ соати 20:00 хомӯш карда шуд.

83
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

168
(Таҷдидшуда 10:04 25.05.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз ҷумъа охири ҳафтаи равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 25  май — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ то 0.1400 ва дар бозори нақдии кишвар 0.1440 сомонӣ арзиш дорад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.2685 то 10.2700 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.1875 то 11.5000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Аммо дар бонкҳои кишвар нисбат ба нишондоди БМТ арзиши асъори хориҷӣ каме болост.Дар “Бонки Эсхата” хариду фурӯши 1 рубл аз 0.1430 то 0.1450сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1400 то 0.1450 ва дар “Алифбон” бошад 1 рубл аз 0,1420 то 0,1455сомонӣ нишон дода шудааст.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

168